Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров ва доктор Абдулло Абдулло: Тоҷикистон хостори таъмини амнияту субот дар Афғонистон аст

Июнь 21, 2018 14:35

ДУШАНБЕ, 21.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар партави талошҳои муштараки роҳбарони олии ду кишвар ва дар натиҷаи вохӯриҳои сатҳи олӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бемайлон густариш меёбанд ва дар ростои манофеи мардумони ду кишвар самтҳои навро фаро мегиранд. Ин нукта имрӯз зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло баён гардид.

Бояд зикр кард, ки доктор Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин афзуд, ки мубодилаи мунтазами боздидҳои расмии ҳайатҳои воломақоми ду кишвар, бахусус тамосҳои пайвастаи дуҷониб дар сатҳи Сарони давлат гувоҳи умқу пойдории робитаҳои ду кишвар мебошад.

«Мо доимо кишварҳои минтақаю ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалиро ба кумаки бештар ва васеътар ба Афғонистон даъват менамоем. Мо бар онем, ки дар ин самт бештар ба татбиқи барномаҳои иқтисоди воқеию зербиноӣ ва сармоягузориҳои мустақиму ҳадафманд таваҷҷуҳ шавад ва дар ин росто фаъолияти ҳамоҳанг ва муассир дошта бошем»,- афзуд Ш. Зуҳуров.

Ш. Зуҳуров изҳор намуд, ки мо  ҳамарӯза ташаккули вазъиятро дар кишвари шумо пайгирӣ мекунем, таъмини амнияти Афғонистонро омили амнияти кишвари худ ва тамоми минтақа медонем. Таърихи ду даҳсолаи охири Афғонистон собит кард, ки терроризм ва ифротгароиро наметавон танҳо бо роҳи низомӣ решакан кард. Дар марҳалаи феълӣ омилҳои иҷтимоиву иқтисодии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ бояд дар мадди аввал қарор гиранд.

Зарур аст, ки ба Афғонистон ҳамчунин дар эҳёи иқтисодиёт, кишоварзӣ, истифодаи имконоти транзитӣ, аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ ва кумаки молию текникӣ ба пешбурди ислоҳоти   идорӣ аҳамияти бештар дода шавад. Ин тарҳҳо боис мешаванд, то бекорӣ, фақр ва яъсу ноумедӣ, ки хушунату ифротгароӣ ва терроризм аз онҳо манша мегиранд, бартараф гарданд ва заминаи рушди босуботи кишвар фароҳам шавад.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон пайваста мекӯшад ҷиҳати густариши бештари муносибатҳои тиҷоратӣ, абзори навин ва муосири густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ба монанди ҳамоишҳои сармоягузорон, анҷуманҳои тоҷирон, намоишҳои бузурги муштараки иқтисодӣ ва тиҷоратӣ эҷод ва фаъол шаванд. Бештари тарҳҳои иқтисодӣ ва зерсохтории иҷтимоӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ, ки дар Тоҷикистон татбиқ шудаанд ва ё дар ҳоли татбиқ ҳастанд, пулҳое мебошанд, ки Афғонистонро дар ояндаи наздик ҳамчун шарики муҳими иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он пайваст хоҳанд кард.

Тоҷикистон бо татбиқи бештари тарҳҳои зербиноии миллию минтақавии худ дар ҷодаҳои энержӣ, бахусус татбиқи лоиҳаи КАСА-1000, нақлиёт, сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард, неругоҳҳо, таъсиси бозорҳои наздисарҳадӣ талош меварзад, ки имконоти воридшавии фаъоли Афғонистонро ба раванди ҳамгироии иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам созад.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 тақрибан 1,4 млрд кВт соат барқ содир намуд. Мувофиқи қарордоди мавҷуда, Ҷумҳурии  Тоҷикистон нақша дорад, ки соли 2018 беш аз 1,5 млрд кВт соат барқ ба Ҷумҳурии Афғонистон содир намояд. Имконоти ҳамкорӣ дар соҳаи барқ ҳанӯз ниҳоят зиёданд ва мо омодаи ҳамкории ҳамаҷониба дар ин арсаи ҳаётӣ ва стратегӣ ҳастем.

-Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки таъмини сулҳу субот дар Афғонистон омили калидии таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Бинобар ин, мо ҳамеша аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу суботи Афғонистон ва минтақа пуштибонӣ мекунем. Зеро оромии Афғонистон- ин пеш аз ҳама, оромии минтақа аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз созмонҳои баланди байналмилалӣ ҳалли қазияи Афғонистонро бо роҳи сулҳомез ва беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон пешниҳод намудааст. Бо вуҷуди имкониятҳои мавҷуда, ки  Тоҷикистон дорад, талош меварзем  маҳз дар ростои хостаҳои мардуми афғон барои ҳалли қазияи Афғонистон ва эҳёи иқтисодии он саҳми арзанда гузорем,- гуфт дар анҷом Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки «мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем. Зеро ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд».

 

Июнь 21, 2018 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолият имкон дод, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шавад
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Ҳайати Парламенти Федератсияи Русия бо бинои нави Парламенти Тоҷикистон шинос гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон Барно Саидвализода бо сокинону интихобкунандагон дар ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг вохӯрӣ намуд
Сомонаи нави Маҷлиси намояндагон ба фаъолият шуруъ намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо масъулони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ дар Форуми парламентҳои осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва иқлим сухан намуд
Дар палатаи поёнии Парлумон бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кӯлоб барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинони шаҳри Бохтар вохӯрӣ намуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо кормандону табибони шаҳри Хуҷанд мулоқот намуданд
Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ менамоянд