Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон қарор дорад, -бардошт аз ҳамоиш дар Парлумон

Ноябрь 5, 2025 11:35

ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба  31- солагии Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  Файзалӣ Идизода ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода  иброз дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши муассир дорад.

«Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст, зеро дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфт»,- афзуд Файзалӣ Идизода.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода изҳор дошт, ки «зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва ҳидоятҳои дурбинонаи хеш талош намуданд, ки дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав ҳамаи масъалаҳои марбут ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҷудонопазири инсон ва шаҳрванд баррасӣ карда шуданд. Аз инҷост, ки имрӯз дар ин масъала Конститутсияи мо дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини дунё қарор дорад».

«Яке аз ҳадафҳои муҳимми қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон мутобиқ гардонидани меъёрҳои Конститутсия ба талаботи муосир ва пеш аз ҳама, бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти ҳуқуқи инсон буд»,- илова кард  Зариф Ализода.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки  ҳадаф аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони давлатамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.

Гуфта шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои таҳкими давлатдории муосири мо заминаҳои устувор гузоштанд. Ин ва дигар арзишҳои Конститутсия боиси аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи конститутсияи беҳтарин донистани шиносномаи миллати мо гардидаанд.

Таъкид гардид, ки мақоми қонунгузори мамлакат дар зарфи фаъолияти худ дар даврони истиқлол, дар радифи иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ аз халқ, таҳияи таҳкурсии ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тавонист низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил диҳад.

         АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2025 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд