Намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди СММ Конфронси Душанберо муҳим арзёбӣ карданд
ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар чорабинии канории Форуми сатҳи баланди сиёсӣ, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Ню Йорк баргузор мегардад, муҳим хоҳад буд», иброз доштанд гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ҷумла, Раиси Шўрои иқтисодӣ ва иҷтимоии (ECOSOC) Созмони Милали Муттаҳид Мари Хатардова гуфт, ки кулли давлатҳо бо мушкилоти об рӯ ба рӯ ҳастанд. Тавре зимни мулоқот зикр гардид, бе кӯмак ва дастгирии дастаҷамъона ин масъала ҳал шуда наметавонад. Баъд аз бартараф кардани ин мушкилӣ мо метавонем ба паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва дигар Ҳадафҳои Рушди Устувор ноил гардем.
«Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз иқдомҳои муҳими имрӯзаи ҷаҳонӣ мебошад. Натиҷаҳои ин Конфронси сатҳи баланд барои амалҳои оянда дар ин самт таъсири мусбӣ хоҳанд расонд», — иброз дошт ӯ.
Гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид бо хушнудӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ташаббускор ва пешбарандаи масъалаҳои об дар Созмони Милали Муттаҳид аст ва изҳори боварӣ карданд, ки бо кӯшиш ва дастгирии гурӯҳи намояндагони кишварҳо дар Созмони Милали Муттаҳид ин масъала дар оянда низ бар нафъи инсоният ба таври васеъ тарғиб хоҳад шуд.
Раиси Шўрои иқтисодӣ ва иҷтимоии (ECOSOC) Созмони Милали Муттаҳид Мари Хатардова ва Гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид пагоҳ дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ширкат хоҳанд кард.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






