Намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ: «Нақш ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза алайҳи тамокукашӣ басо назаррас ва муҳим мебошад»

Июнь 19, 2018 19:47

ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Нақш ва саҳми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза алайҳи тамокукашӣ басо назаррас ва муҳим мебошад»,  — гуфт ба хабарнигорон пас аз маросими супоридани «Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ» ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич.

Ба гуфти Игор Поканевич, ҳамасола Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва тамоми олам Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамокуро таҷлил менамоянд, ки дар ин рӯз аҳли башар ва ҳукуматҳо баҳри коҳиш додани сироятёбӣ аз тамокуро даъват менамоем. Дар баробари ин, мо дастовардҳои кишварҳо ва роҳбарони давлатҳоро дар ин самт қадрдонӣ менамоем.

«Имсол ин медал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд»,- таъкид намуд намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич.

 

Июнь 19, 2018 19:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон