Намояндаи Вазорати энергетикаи Давлати Кувайт Халиф Муҳаммад Алфрейд: «Об барои ноил шудан ба субот нақши асосӣ дорад, набудани субот ба захираҳои об таъсир мерасонад»

Июнь 21, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Яке аз мавзӯъҳое, ки имрӯз зимни ҷаласаҳои пленарии Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд матраҳ гардид, таъсири соҳаи об ба мушкилоти озуқаворӣ, энергия ва муҳити зист буд. Намояндаи Вазорати энергетикаи Давлати Кувайт Муҳандис Халиф Муҳаммад АЛФРЕЙД вобаста ба мавзӯи мазкур мулоҳизаҳои худро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Акрам САНГЗОДА   баён  кард.

«Албатта, байни обу озуқаворӣ, обу энергетика, обу муҳити зист пайванди амиқу ногусастанӣ вуҷуд дорад», — гуфт ҳамсуҳбат. «Дар Давлати Кувайт ин мавзӯъҳо рӯзмарра, муҳим ва ба ҳамдигар тавъам дониста шудаанд».

Конференсияи байналмилалии Душанбе барои табодули мулоҳизаҳо, омӯзиши таҷрибаҳо, гирифтани маълумоти нав ва пайдо намудани роҳҳои муассири дипломатӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти об ва ҳамаи  соҳаҳои вобастаи он минбари мувофиқ ва муносиб мебошад.  Ҳамчунин ҳамоиши Душанбе барои мудирияти маҷмӯии захираҳои об, фаъол гардонидани идоракунии Ҳадафҳои Рушди Устувор, аз ҷумла, Ҳадафи 6 мусоидат мекунад.

Ба андешаи Халиф Муҳаммад Алфрейд, Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» талошхои ҳукуматҳо, сохторҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматиро барои расидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об муттаҳид менамояд. Дар ин самт ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо  роҳандозӣ мешаванд.

«Муҳимтарин ҳадафе, ки зимни ҷаласаҳои пленарӣ пайгирӣ карда мешавад, ин аст, ки об барои ноил шудан ба субот нақши муҳим дошта, набудани субот ба захираҳои об таъсир мерасонад», — хулосабарорӣ кард намояндаи Давлати Кувайт.

Июнь 21, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон