Наврасони имконияташон маҳдуд: «Пешвои миллати худро дӯст медорем!»

Июнь 1, 2018 10:09

ДУШАНБЕ, 01.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар  12 май баён гардиданд, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Рушди варзиши маюбон» бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак оид ба намуди шашка байни наврасони имконияташон маҳдуд  мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ баргузор намуд.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа зиёда аз 50 нафар варзишгарони наврас аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Зафаробод, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки табақаи ниёзманди ҷомеа ҳама вақт зери ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баргузории чунин мусобиқаҳо аз сиёсати ғамхоронаи Президенти мамлакат шаҳодат медиҳад.

Бояд зикр кард, ки мусобиқа беҳтарин шашкабозони наврасро муайян намуд ва бо мақсади ҳавасманд намудани иштирокчиёни мусобиқа ба 50 нафар туҳфаҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия тақдим карда шуд.

Иштирокдорон бо қаноатмандӣ миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда, зикр карданд, ки «мо Пешвои миллати худро, ки ҳамеша нисбат ба мо, наврасону ҷавонони имкониятамон маҳдуд ғамхорӣ зоҳир менамоянд, дӯст медорем ва дар ҳама кор пайравӣ аз сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат менамоем».

Июнь 1, 2018 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад