Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории 16 — ошёнаи «Роҳи абрешим» дар шаҳри Истаравшан

Июнь 25, 2018 08:42

ДУШАНБЕ, 25.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим» санги асос гузоштанд.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов бо харҷи 60 миллион сомонӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Дар маҳалли сохтмони иншоот нахуст ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди иншооти муосири миллии тиҷоратӣ муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи мазкур аз 16 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои он маркази савдо, маъмурият, утоқҳои корӣ ва толорҳои конфронс барои гузаронидани ҳамоишҳои тиҷоратӣ бунёд мегарданд. Баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот беш аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Масоҳати умумии замини зери сохтмон 4 ҳазору 400 метри мураббаъ мебошад. Фармоишгар ва пудратчии бунёди иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мабдаи Нур» буда, лоиҳа аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Архиком ва компания»-и шаҳри Душанбе таҳия шудааст.

Инчунин маҷмааи мазкур дорои меҳмонхона, таваққуфгоҳ барои 92 нақлиёт, толори варзишӣ, спа-салон бо маркази солимгардонии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои 30 нафар ва ҳавзи шиноварӣ мебошад.

Бунёди маҷмаа ба симои шаҳр ҳусни тоза зам мекунад, зеро дар вақти сохтмон сохтани майдончаҳои бозии кӯдакона, гулгашт бо гулу буттаҳою дарахтони ороишӣ ва фаввораҳо ба нақша гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ба соҳибкорони ватанӣ арзи сипос карда, онҳоро барои боз ҳам бештар дӯст доштани Ватан ва идомаи бунёдкорӣ ҳидоят карданд.

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории 16 - ошёнаи “Роҳи абрешим” дар шаҳри Истаравшан 25.06.2018

Июнь 25, 2018 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик