ОБ-МЕҲВАРИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОР. Саҳми бузурги Пешвои тоҷикон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба оби дунё назаррас аст

Июнь 21, 2018 12:18

ДУШАНБЕ, 21.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 ҷараён дорад. Конференсияи мазкур  ба масъалаи об, истифодаи он ва татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда бахшида шудааст.

Мушкили об, ки дар пешорӯи сайёраи мост, солҳои охир бо сабаби гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо инсониятро ба изтироб овардааст. Яке аз он сарвароне, ки дар сатҳи баланди ҷаҳонӣ ин масъалаи сахт изтиробангези инсониятро гузоштаву бонги  хатар аз фоҷиаҳои имкондошта задаанд, Пешвои миллати мо, Сарвари кишвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз бо пешниҳод ва масъалагузориҳои Сарвари мо дар ҷаласаҳои СММ чандин барномаҳои байналмилалии марбут ба об – ин масъалаи барои инсоният хеле муҳим ва ҷиддӣ қабул гардидаву пайгирӣ карда мешаванд. Барномаҳое чунин, чун “Соли байналмиллалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амилиёт “Об барои ҳаёт, 2005 – 2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” аз ин зумра будаанд.

То ҳанӯз дар ҷараёни ин амалиёт ва ташаббусҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаҳои зиёди арзишнок андӯхта шудаанд. Дар ин раванд масъалаҳои идоракунии захираҳои об, беҳтар кардани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшиданӣ ва беҳдошт, ҷорӣ кардани технологияи нави замонавӣ, маърифат оид ба табиат ва об ҷойи хосса ишғол мекунанд. Солҳои охир офатҳои табиӣ, афзоиши аҳолӣ, афзоиши талабот ба об, шиддати рақобат барои манбаъҳои об ин мушкилро афзунтар сохтаанд ва дахолати фаврии кишварҳоро тақозо доранд. Аз ин рӯ, саҳм ва ташаббусҳои Тоҷикистон ва Сарвари он аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хуб истиқбол гардидаву аксулсадои бештаре дар ҷаҳон пайдо мекунанд.

Бояд гуфт, ки пешниҳодҳои Сарвари тоҷикон безамина нестанд. Тоҷикистон тайи 15 соли охир барои ҳалли масъалаи дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб 1 миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Дар панҷ соли охир тақрибан 1.2 миллион нафар бо оби босифат ва 600 ҳазор нафар бо оби ошомидании бехатар  таъмин гардиданд.

Ахиран  Пешвои  миллати мо Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ  дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 22 марти соли равон дар доираи  биступанҷсолагии баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об, ки ҳар сол дар кишварҳои мухталиф таҷлил мегардад, таъкид намуданд, ки “об меҳвари асосии рушди устувор аст”.

Дар суханронии Пешвои миллати мо таъкид шуд: “Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад”. Ва вобаста  ба ин иброз доштанд, ки ”захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”.

Дар ин раванд  ҳамкорӣ бо бисёр кишварҳо вусъати тоза гирифта,  аз таҷрибаи ҳосилшуда пешниҳоди навбатӣ доир ба таҳияи барномаи нави рушди устувор, ки дар он захираҳои об мавқеи меҳварӣ  ишғол менамоянд, асоси мустаҳкам гузошт. Хусусияти хоси барномаи нави рушди устувор, чунонки Сарвари давлат таъкид намуданд, дар он аст, ки захираҳои об дар он ҳамчун унсури асосии рушд эътироф гардидаанд. Пешвои миллат дар ин замина  ба ҳамаи кишварҳои ҳаммуаллифи қатъномаи  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти рақами 71/222, ки солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард, изҳори ташаккур намуданд.

Пешвои тоҷикон аз санади ниҳоии Панели рӯзи 14 март, ки таҳти унвони “Ҳар қатра об ба ҳисоб гирифта шудааст. Рӯзнома барои амал” доир гардид, ёдовар шуда, се қисми асосии онро муҳим шумурданд:

  1. Асоснокӣ барои амал; 2. Рӯзномаи ҳамгироёнаи амал дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ; 3. Суръат бахшидан ба тағйирот, ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкории байналхалқӣ дар сатҳи глобалӣ.

Аз ҷониби Пешвои миллат изҳор шуд, ки ин санад тавсия ва ташаббусҳои Панелро дар ҳалли масъалаҳои об дар  сатҳҳои гуногун, бо мақсади ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла, ҳадафҳои шашуми рушди устувор, ҷамъбаст менамояд.  Дар ин ҳадафҳо муҳимияти арзиш бахшидан ба об ва аз фаҳмиши арзиши иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва табиии он, муносибатҳои ҳамоҳангшуда ба идораҳои захираҳои об, кам  кардани хатари офатҳои табиӣ, ноил шудан ба устувории инфрасохтор ва иқтисодиёт ба таври хосса нишон дода шудаанд.

Аз ҷониби Сарвари кишвари тоҷикон  таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари иштирокчии Панел ва ташаббускори Даҳсолаи  байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” минбаъд ҳам тавсияҳои Панелро дар ҳамаи сатҳҳо дастгирӣ менамояд  ва онҳоро то ҳадди имкон амалӣ мегардонад.

Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки роҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ “барои татбиқи вазифа ва мақсадҳои нав дар соҳаи захираҳои об ҳамвору осон нест”. Ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро мушаххасан ба масъалаҳое, ки дар назди онҳо  вазифаҳои иловагӣ ва дастҷамъона мегузоранд, ҷалб менамоянд. Ва бо ин мақсад панҷ омилеро, ки чаҳорчӯб ва имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунанд, мегузоранд.

Сарвари кишварамон дар омили якум тағйирёбии иқлимро гузоштаанд, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор буда, ҳама кӯшишҳоро дар роҳи ноил шудан ба рушди устувор заиф месозад. Барои далел чунин санадҳо оварда мешаванд, ки  дар даҳсолаҳои охири асри 20 дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях, яъне 30 фоизи он  талаф ёфта, ин раванд бо суръат давом дорад. Танҳо пиряхи Федченко, ки аз ҳама калонтарин аст, ба андозаи як километр коҳиш ёфта, масоҳаташ то 11 километри мураббаъ кам  гардид ва дар тӯли ду километри мукааб  яхаш аз байн рафт. Ҳамчунин дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор аст, офатҳои табии и марбут ба об сол то сол афзуда, зиёнҳои зиёде ба бор меоранд.

Омили дуюмро Пешвои миллатамон дар афзоиши аҳолӣ ва талаботи ҳарчи бештар ба захираҳои об мебинанд, ки мураккабиҳои зиёд ва вобаста ба ин вазифаҳои нав  пешорӯи мо мегузоранд.

“Шиддати рақобат барои манбаи об дар шароити камбуди он метавонад ҳатто дар дохили як кишвар боиси пайомадҳои манфӣ гардад”, –таъкид мекунанд Сарвари мо. Ва пешниҳод мекунанд, ки “ба таври васеъ ҷорӣ кардани равишҳои якҷояву алоқаманд идоракунии захираҳои об барои беҳтар намудани механизмҳои мавҷуда дар соҳаи ҳамкории байнисоҳавӣ ва байниҳукуматӣ имкониятҳои нав ба вуҷуд меоранд”.

Дар пешниҳоди сеюми Сарвари мо ҷанбаи тендерии об дар назар гирифта шудааст, яъне ҷалби занон ба раванди рушд, тақвияти нақши онҳо дар “идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои об” самаранок хоҳад буд.

Омили чаҳорум аз назари Сарвари кишварамон татбиқ ва таҳким додани нақшаҳо ва амалҳо мебошад. Хусусан истифода аз захираҳои  инсониву молиявӣ, сармоягузорӣ ва технологияҳои пешқадам.

Оқибат омили панҷумро Пешвои миллати мо дар ҳамкории кишварҳо берун аз ҳудуди худ барои таъмини сулҳу субот мебинанд. Дар суханронии Сарварамон чунин санадҳо оварда мешаванд: ”Имрӯз беш аз 276 ҳавзаи дарёии байналмилалӣ бо фарогирии ҳудуди 148 кишвар, ки беш аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон дар онҳо маскун мебошанд, вуҷуд дорад. Ҳамкории самаранок метавонад василаи муассири тавсеа дар соҳаи об гардад ва норасоии иқтидори он метавонад хатари ҷиддӣ ва хароҷоти зиёд ба вуҷуд оварда, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои маҳсур ба хушкӣ таъсири манфӣ расонад.

Дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон  тақвияти иқтидори институтсионалии ҳамкории байнисарҳадии обӣ ба рушди мутавозини ҳамаи кишварҳои соҳилӣ  мусоидат мекунад”.

Сарвари кишвари мо бар онанд, ки “раванди густариши ҳамгироии минтақавӣ”, ки дар Осиёи Марказӣ идома дорад, “бояд ба беҳтар гардидани ҳамкории минтақавӣ дар масъалаи обу энергетика кумак намояд”.

Пешвои тоҷикон расидан ба рушди устувор, шукуфоӣ ва амниятро танҳо тавассути “ҳамкории оқилонаву самаранок дар соҳаи об, ҳамкорие, ки бар пояи эътимоди мутақобила ва ба назар гирифтани талаботу ниёзҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, инчунин, ҷустуҷӯи мунтазами роҳҳои беҳтар намудани муколама ва ҳамкорӣ асос ёфтааст”, мумкин медонанд.

Дар суҳбати дигар худ 23 март дар доираи ҳамин сафар Сарвари мо аз хусуси дастовард ва мушкилоти ҷойдошта дар ин самт андешаҳояшонро, хусусан, дар мавриди хатарҳои тағйирёбии иқлим чунин баён доштанд: “Тағйирёбии давраи гидрологӣ ба амнияти обӣ, энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонда, сабабгори хатари иловагии обхезӣ ва хушксолии шадид мегардад”. Ин суханони Пешво бояд ҳамеша дар мадди назари мутахассисон ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ бошад, зеро  барои иҷрои онҳо фаъолияти дастҷамъона ба кор бояд бурд.

Дар суханронии дигари худ ҳамон рӯз дар чорабинии “Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми Рушди Устувор” Сарвари давлати тоҷикон таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкили об ва энергетика  равона карда, аз ҷумла, чунин баён доштанд: ”Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъол ба роҳ монад”.

Баъдан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии “Об ва энергия: дарёфти алоқамандии байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди Устувор” суханронӣ карда, таъкид намуданд, ки “гидроэнергетика омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо боқӣ мемонад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои зазираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнегетикӣ мебошад, ҳамеша омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои алоқаманд, пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя, дар самти истифодаи самаранок, мутақобилан судманд ва оқилонаи захираҳои обу энергетика ба манфиати кулли кишварҳои минтақа изҳор медорад”.

Сарвари кишвари тоҷикон дар суханронии худ дар СММ  аз хусуси баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки рӯзҳои 20-22 июни соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, ёдовар шуда, нияти идома ва густариш додани муколамаро дар ин мавзӯи ҳалталаби замон, ба хотири такони тоза бахшидан ба талошҳо дар роҳи татбиқи Даҳсола таъкид намуданд.

Аз ҷониби Сарвари кишварамон  изҳор гардид, ки Конфронси Душанбе  дар остонаи ҷаласаи СММ оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашуми Рушди Устувор баррасӣ мешавад, барои таҳияи нақшаҳои мушаххас, расидан ба ҳадафҳо ва иҷрои вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об заминаи саривақтӣ ва муҳиму муфид хоҳад гузошт.

Камол НАСРУЛЛО,

ходими адабии АМИТ “Ховар”

Июнь 21, 2018 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд