ОБ ЗАРУ ТОҶИКИСТОН ЗАРШИНОС. Тоҷикон бо доштани захираҳои зиёди об ҳар қатраи онро бояд ҳушмандона истифода намоянд
ДУШАНБЕ, 22.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 20-21 июн дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид. Дар кори он намояндагони беш аз 110 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Иштирокдорони Конференсия дар ҷаласаҳо ва сессияҳои алоҳида паҳлуҳои гуногуни мушкилоти вобаста ба об, аз ҷумла, «Тақвияти амалҳо ҷиҳати рушди устувори захираҳои обӣ», «Татбиқи ислоҳоти бахши об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муколамаи ҷамъият оид ба ҳисоботи ниҳоӣ», «Мушкилоти об дар мисоли гурезагон ва муҳоҷирон»-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Хотиррасон менамоем, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.
Об яке аз арзишмандтарин ва муҳимтарин сарвату неъмати бебаҳоест, ки тамоми мавҷудоти олам аз он истифода карда, ҳаёт ба сар мебаранд. Онро метавон чун ганҷинае донист, ки тамоми башарият аз он истифода мебарад. Ин ганҷинаи пурқимат ягона қувваи ғизоӣ мебошад, ки тавассути он тамоми мавҷудоти дунё энергияи тоза гирифта, месабзанд. Мо метавонем бигӯем, ки об як моеъест, ки ба воситаи истифодаи он ҳар чизе дубора ҳаёти тоза гирифта, ба симову чеҳрааш дурахши навин мебахшад. Ва он унсури муҳими табиат буда, дар тамоми ҳаёти башарият нақши калидӣ иҷро менамояд.
«Қадри зар заргар медонад»-масалест, ки мо мардуми Тоҷикистонро водор месозад, то ифтихор намоем, ки чунин неъмати бебаҳо, яъне об дар ватани азизамон фаровон аст. Дар бархе аз кишварҳои дунё нархи об хеле баланд аст. Ва боиси обрӯмандии мо низ ҳаст, ки қадри ин неъмати бебаҳоро Сарвари давлатамон сари вақт шинохтанд ва ба ҷаҳониён расонданд, то аз ин ганҷинаи нодир қадрдонӣ карда, ҳар қатраи онро ҳушмандона истифода намоем. Ва ин ташаббусҳои дилсӯзонаи Роҳбари Тоҷикистон буд, ки «Соли байналмилалии оби тоза», 2003, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», 2005-2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) эълон гардиданд. Дар ин солҳо даҳҳо семинару чорабиниҳои ватаниву ҷаҳонӣ доир шуданд.
Инак, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 оғоз ёфтаву идома дорад.
Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки барои қадри зарро шинохтан аввал инсон бояд заршинос бошад, вагарна ҳамаи дороиву зару зеварашро аз даст медиҳад ва нодору фақир мегардад. Ва имрӯз ҳар шаҳрванди кишвар бояд аз ибтикори Роҳбари кишвари мо, ки заршинос ҳастанд, ифтихор карда, онро ҳимоят кунад, ба қадри ҳар қатра об расида, онро сарфакорона истифода барад.
Як нуктаро бояд таъкид кард, ки кишвари Тоҷикистон саршор аз обҳои тоза аст. Мо метавонем ин неъмати худододро оқилона истифода карда, аз он барои кишварҳои ҷаҳон ва ҳамсоя, аз ҷумла, Афғонистону Покистон низ манфиат расонем.
Об ва арзиши волои он аз ҷониби донишмандон ва муҳаққиқон баррасӣ шуда, чун маводи муҳими стратегӣ шинохта шудааст. Дар китоби «Ҷаҳон дар соли 2020», ки аз ҷониби нависанда Ҳамиш Мекрой таҳия шудааст, об чун манбаи асосӣ ишора шуда, зикр шудааст, ки об дар оянда ба мисли сӯзишворӣ ба як чолиши сиёсӣ дар байни кишварҳо табдил хоҳад ёфт.
Тибқи сарчашмаҳо, яке аз масоили умдаи об- ин истифодаи захираҳои он ва обёрикунонӣ аст, ки дар бисёре аз кишварҳои дунё дуруст тақсим намешавад ва аз ин рӯ, мардуми сайёра аз норасоии он ба мушкилоти зиёд дучор мегарданд.
Имрӯз зиёда аз 70 % одамони сайёра обро барои обёрӣ кардани замин истифода мебаранд. Аз соли 1950 ин фоиз се баробар афзоиш ёфтааст. Аммо як мушкили дигари асосӣ шӯршавии замин аст, ки тавассути обёрӣ кардани замин хок обро фурӯ бурда, бо намакҳои зери замин бархӯрд карда, дар болои замин қарор мегирад ва ҳосилнокии онро кам месозад.
Ин кор мутахассисони соҳаро водор месозад, то роҳҳои пешгирии онро ёфта, ҳосилнокиро хуб нигоҳ доранд. Дар ин самт кишварҳои Ҳиндустон, Покистон ва Миср хеле фаъол буда, низоми обёриашонро ба таври муносиб роҳандозӣ кардаанд, ки ҳосилнокии заминҳо низ хуб идора мешавад. Натиҷаи ҷидду ҷаҳди мутахассисони ин кишварҳо нишон медиҳад, ки онҳо мушкилотро мавриди омӯзиш қарор дода, роҳи ҳалли онро пешниҳод намудаанд.
Мардуми тоҷик бояд шукрона кунанд, ки дар сарзамини обҳои ошомиданӣ, кӯҳҳои баланд ва дорои табиати зебои худодод дар муҳити амну субот умр ба сар мебаранд. Ва бо истифода аз ин захираҳо ва талошу созандагиҳо метавонанд Тоҷикистонро ба як давлати пешрафтаи дунё табдил диҳанд.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими илмии
Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё
ва Аврупои АИ ҶТ