ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво номусоид гашта, чангу ғубор ба амал меояд

Июнь 14, 2018 08:06

ДУШАНБЕ, 14.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз имрӯз то 15  июн дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҳолат пуршиддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.  Дар баъзе ноҳияҳо вазиши сахти шамол аз самти ғарб ба 20-25 метр дар як сония расида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ боиси ба амал омадани чангу ғубор мегардад.

Имрӯз, 14 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳаво шабона +10+ 15 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба сати ғарб дар баъзе ҷойҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, танҳо охирҳои рӯз боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда,  шабона +17+19 ва рӯзона +33 +35 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 14, 2018 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад