ОБУ ҲАВО: рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст
ДУШАНБЕ, 18.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши сахти шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония расида, дар вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал меояд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳаво шабона +9+ 14 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба сати шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +16 +21 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ абрӣ шуда, эҳтимоли боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш пешгӯӣ шудааст. Дар водиҳо шабона +16+18 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.








ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






