ОЯНДАИ ФУТБОЛИ ТОҶИК ДУРАХШОН АСТ! Ба Рӯзи умумиҷаҳонии футболи кӯдакон бахшида мешавад

Июнь 19, 2018 12:09

ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси созишномаи   Фонди кӯдакони  СММ  ва Ассотсиатсияҳои Байналмилалии Футбол,  бо мақсади  ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ҳамасола  19 июн ҳамчун  Рӯзи умумиҷаҳонии футболи кӯдакон  ҷашн гирифта мешавад.  Шурӯъ аз соли 2001 дар ин рӯз дар аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла,  Тоҷикистон  ҳар  гуна барномаҳои варзишӣ  баргузор гардида,  дастаҳои кӯдаконаи футбол байни ҳам рақобат мекунанд.

Тавре корманди  Федератсияи футболи Тоҷикистон  Абдулло Соқиев  ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод,  бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии футболи кӯдакон аз 13 то 19 июни соли равон   дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и шаҳри Душанбе  мусобиқаи футбол доир гардид, ки он имрӯз  ҷамъбаст мегардад.

«Лигаи футболи кӯдакону наврасон имсол лоиҳаи ҷумҳуриявии  «Футбол ба назди шумо меояд» — ро дар 4 синн:  6-7 сола, 8-9 сола, 10-11- сола ва 12-сола  роҳандозӣ намуд. Мақсади баргузории  ин  мусобиқаи варзишӣ, пеш аз ҳама, ҷалби  ҷавонон ба ин намуди варзиш ва  тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо буда,  ҳамчунин  дарёфти наврасони болаёқат ва сафарбар намудани онҳо ба дастаҳои Лигаи якум,  олӣ ва  дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон мебошад», -афзуд А.Соқиев.

Масъалаи рушди футбол дар мамлакат  ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Соли гузашта Ҳукумати  мамлакат   «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» -ро қабул кард, ки  он  дар баланд бардоштани  мақоми футболи тоҷик боз ҳам нақши муассир гузошта, барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншооти марбутаи соҳа, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани замина баҳри рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш  мусоидат менамояд.

Соли 2012  баъди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  интихоб гардидани  Рустами Эмомалӣ  дар ҷумҳурӣ футбол ба таври бесобиқа рушд кард. Бахусус  футболи кӯдакон  ривоҷ ёфта,  ба муваффақиятҳо ноил гардид. Бояд зикр кард, ки дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони мамлакат   ба дарёфти роҳхати марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё шарафёб гардиданд. Чунин комёбӣ 11 сол пеш  ба мамлакати  мо  муяссар гардида буд. Дастаи мунтахаби футзали ҷумҳурӣ  маротибаи дуюм пайопай ҳаққи ширкат дар чемпионати Осиёро бидуни ҷалби бозингарони футболи калон ба даст овард, ки ин мояи ифтихор аст.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (www.fft.tj) Рустами Эмомалӣ иброз намудааст, ки «лоиҳаи дигаре, ки мо дар доираи барномаи “Forward”  дар мамлакат татбиқ намуда истодаем, ин маблағгузории футболи кӯдакону наврасон мебошад. Имсол дар ҷумҳурӣ Лигаи кӯдакон ва наврасон дар доираи ду синн ва ду марҳила дар шакли бозиҳои рафту баргашт роҳандозӣ гардид. Маблағҳои ҷудонамудаи ФИФА баҳри пардохти сафари дастаҳои  футболбозони наврас ба шаҳру навоҳии кишвар ва ҳисобӣ кардани ҳаққи хизмати доварон, нозирон ва комиссарони бозиҳо масраф шуданд.   Ҳамчунин 21 дастаи иштирокчии Лигаи кӯдакон ва наврасон бо либоси варзишии ширкати испании “Kelme” таъмин шуданд.

Лоиҳаи дигари барномаи “Forward”-  ин маблағгузории курсҳои гуногуни омӯзишӣ мебошад. Чуноне ки маълум аст, омӯзиш дар ҳаёти ҳар шахс нақши муҳим ва калидӣ мебозад. Ин яке аз боарзиштарин бозёфтҳоест, ки инсон дар тӯли умри худ метавонад аз он бархӯрдор шавад. Бо истинод ба нуктаи мазкур соли 2017 қариб 20 давраи омӯзишии мураббиён  бо мақсади дарёфти иҷозатномаҳои дараҷаҳои “А”, “В”, “С”, курсҳои фитнес, футзал ва  машғулияти омӯзишӣ барои мураббиёни дарвозабонҳо рӯи даст гирифта шуданд».

Дар мусоҳибаи мазкур ҳамчунин Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон зикр намудааст, ки  соли 2017 дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт – шаҳри Душанбе зиёда аз 70 майдончаи варзишӣ мавриди истифода  қарор дода шуданд. Имсол  дар пойтахт  бунёди  беш аз 90 майдончаҳои варзишии дигар дар назар аст.

«Қабл аз ин, дар шаҳру навоҳии гуногуни  мамлакат  аз ҷониби ФФТ зиёда аз 10 майдончаи хурди варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Соли 2016 дар доираи барномаи КФО “AFC president’s initiatives” дар  шаҳри  Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа)  ва ноҳияи Данғара  4  майдончаи хурди варзишӣ бо сабзаи сунъӣ таҳия гардид, ки феълан мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.  Соли 2017  дар заминаи ҳамин барнома дар ҳудуди варзишгоҳи “Автомобилист”-и пойтахт 4 майдончаи хурди дигар бунёд ёфт.  Бо эътино ба зерсохтори мавҷуда, фикр мекунам, ки мо варзишгоҳи футболбозии муосири дараҷаи “элит” ё ба ибораи дигар сатҳи “зубда”-ро надорем. Бунёди чунин варзишгоҳи замонавӣ дар оянда тибқи нақша дар назар аст», — иброз доштааст Рустами Эмомалӣ дар ин мусоҳиба.

Тавре масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон иброз доштанд,  дастаи наврасони Академияи футбол моҳи апрели соли равон  дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Бишкек дар Ҷумҳурии Қирғизистон ду ғалабаи паиҳамро соҳиб шуд.

Дастаи   мазкур, ки  аз бозингарони то 15-сола иборат аст, дар  ин мусобиқа  бар дастаи мунтахаби ҳамсолони худ аз вилояти Чуйи Қирғизистон бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз гардид. Голҳои дастаро  Партулло Хуршедзода, Салоҳиддин Иргашев ва Муҳаммад Аҳмадов ба нишон расониданд.

Дар бозии дуюм наврасони тоҷик бо ҳисоби 6 бар 0 дастаи “Вилвет”-и Ҷумҳурии Қазоқистонро шикаст доданд. Дар ин бозӣ Салоҳиддин Иргашев, Азиз Ҳаитов, Сӯҳроб Сафаров, Давлатбек Акрамов, Муиб Саидов ва Ҳикмат Хайруллозода голҳоро ба нишон расониданд.

Сол то сол  теъдоди    дастовардҳои назарраси  футболбозони навраси тоҷик  меафзояд.  Умед дорем,  ки  онҳо футболи тоҷикро ба сатҳи ҷаҳонӣ мерасонанд.

Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Июнь 19, 2018 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
Беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2024 муайян ва соҳиби ҷоизаҳо шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон-2024 баргузор мегардад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба машқҳои дастҷамъӣ ҷалб гардид
Устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Панҷакент дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди пауэрлифтинг соҳиби медали тилло гардид
Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дастаашро дар Суперлигаи Узбекистон иваз кард
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 муайян гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ФУТБОЛ. Дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд даврҳои таълимӣ аз рӯйи барномаи сертификати «С» идома доранд
Беҳтаринҳои Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ ва Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон муайян шуданд
Шоҳмотбоз аз Тоҷикистон Надежда Антонова дар чемпионати Осиё медали тилло ба даст овард