Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард

Март 24, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол  таҳти роҳбарии Горан Стеванович дар шаҳри Душанбе ҷамъ шуда, машқҳои якуми худро дар соли 2026 доир кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, даста омодагиро барои бозии гурӯҳи «А» муқобили яккачини Филиппин дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 оғоз намуд. Вохӯрии мазкур 31 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.

Пеш аз оғози машқҳои дастаҷамъӣ сармураббӣ бо бозигарон мулоқоти кӯтоҳе анҷом дод ва аҳамияти бозии дарпешистодаро таъкид кард. Инчунин Стеванович бозигаронеро, ки бори аввал ба дастаи миллӣ даъват шуданд, истиқбол намуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 24, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд