«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад

Март 23, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2026» оид ба ҷудо баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мусобиқа дар доираи силсилаи ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, яке аз бонуфузтарин чорабиниҳои варзишии ҷаҳон дар ин намуди варзиш ба шумор меравад. Ин мусобиқа чанд маротиба аст, ки беҳтарин ҷудочиёни ҷаҳонро дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе  ҷамъ меорад.

Варзишгарон барои ба даст овардани холҳои муҳими раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо рақобат менамоянд, зеро ин холҳо барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар раддабандии ҷаҳонӣ аҳамияти калон доранд.

Мусобиқа аз рӯи 14 вазн — 7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон баргузор мешавад. Ғолибон ва ҷоизадорони ҳар вазн бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон ва муаррифии имконоти варзишии мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 23, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид