Озмуни XV байналмилалии санъати китоб дар Душанбе ноширони ҳавзаи кишварҳои ИДМ-ро интихоб ва қадрдонӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 28.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 то 30 июни соли равон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии кишварҳои ИДМ баргузор мегардад.
Тавре директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» ва ҳамзамон директори озмуни мазкур Қурбоналӣ Буриев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ба озмун намояндагони соҳаи табъу нашр аз кишварҳои ИДМ даъват шудаанд, ки вазифаи онҳо аз рӯйи номнатсияҳои пешниҳодшудаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширӣ интихоб ва қадрдонӣ намудани ноширони ҳавзаи кишварҳои ИДМ мебошад.
Аз ҷумла, дар озмун аз кишварҳои ба мо дӯсти Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Федератсияи Россия, Туркманистон ва аз ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон- нашриёт ва муассисаҳои «Ирфон», «Ношир», «Эр-граф», «Сарредаксияи илмии энсиклопедияи тоҷик» ва ғайра китобҳо ба озмун пешниҳод гаштаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ношириро ба уҳда дорад.
Бояд гуфт, ки имсол дар кишвари мо баргузории ду чорабинии сатҳи баланди ин Шӯро дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки мутасаддии Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии кишварҳои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






