Паҳлавонони навраси тоҷик дар Ҷоми Осиё соҳиби медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон оғоз гардид. Дар он 34 нафар (16 нафар миёни наврасон, 18 нафар миёни ҷавонон) паҳлавонони тоҷик иштирок доранд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рӯзи аввал қувваозмоиҳо дар вазнҳои -50 кг, -55 кг, -60 кг, -66 кг миёни писарон ва -40 кг, -44 кг, -48 кг, -52 кг миёни духтарон доир гардиданд. Паҳлавонони навраси тоҷик миёни писарон дар ҳамаи вазнҳо рақобат карда, сазовори 2 медал шуданд. Сулаймони Ҷамшед дар вазни -60 кг соҳиби медали тилло ва Фарорун Мирзошоев дар вазни -55 кг соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Сулаймон дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари ӯзбек Камол Ҳошимов ва варзишгари Қазоқистон Маҳамбет Раҳмет ғолиб омад. Ӯ дар даври нимфинал ва финал варзишгарони Ӯзбекистон Ғанишер Худойбердиев ва Шайхназар Шарифбоевро шикаст дод.
Фарорун Мирзошоев дар даври муқаддамотӣ бар Хонполат Ирисбеков (Қирғизистон), Нурдавлат Амонкоссов (Қазоқистон), Адолат Аскарбеков (Қирғизистон) пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт, вале дар ин давр аз намояндаи Ӯзбекистон Мақсуд Очилов шикаст хӯрд. Фарорун дар рақобат барои ҷои сеюм Даврон Кайратулу (Қазоқистон)-ро мағлуб намуд.
Умед Асматуллобеков дар вазни -55 кг ва ва Бузургмеҳр Сарахонов дар вазни -66 кг ҷои панҷумро ишғол карданд.
Дар рақобатҳо миёни наврасон 200 нафар варзишгар (62 духтар, 138 писар) аз 12 давлат иштирок доранд.
Имрӯз қувваозмоиҳо дар вазнҳои -73 кг, -81 кг, -90 кг ва +90 кг миёни писарон идома меёбанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






