Пешвои миллат: «Дар Суғд беш аз 500 корхонаи истеҳсолӣ, 700 мактаби наву синфхонаҳои иловагӣ ва 53 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шудаанд»
ДУШАНБЕ, 29.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, имрӯз, дар рӯзи шашуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот карданд.
Сарвари давлат дар ин мулоқот натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳоро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва панҷ моҳи соли 2018 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Зимни суханронӣ дар мулоқоти мазкур Пешвои миллат, аз ҷумла, иброз доштанд, ки «дар зарфи қариб 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд беш аз 500 корхонаи истеҳсолӣ, 700 мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 165 ҳазор ҷойи нишаст ва 53 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба истифода супорида шуданд. Дар ин давра дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ беш аз 750 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст. Дар замони истиқлолият аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ беш аз чор миллиард сомонӣ равона шудааст».
Президенти мамлакат дар тақвияти гуфтаҳои мазкур афзуданд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 32 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7 фоиз ва дар панҷ моҳи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 9 ва 6 фоиз афзоиш ёфтааст. Тайи солҳои 2017-2018 ба вилояти Суғд ба маблағи 2,1 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид гардида, асосан ба соҳаҳои саноати коркард, истихроҷи маъдан ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона шудаанд. Содироти мол аз вилоят дар зарфи солҳои 2000-2017 аз 109 то 505 миллион доллари амрикоӣ ё қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ин нишондиҳандаҳо бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест ва дар ин робита иброз доштанд, ки «агар ба ин масъала аз нуқтаи назари талаботи замона баҳо диҳем, нишондиҳандаи мазкур ҳоло ҳам кам аст. Фаъолияти бештар намудан дар ин самт вазифаи асосии роҳбарияти вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо мебошад».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






