Пешвои миллат: «Дар Суғд беш аз 500 корхонаи истеҳсолӣ, 700 мактаби наву синфхонаҳои иловагӣ ва 53 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шудаанд»

Июнь 29, 2018 15:35

ДУШАНБЕ, 29.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, имрӯз,  дар рӯзи шашуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот карданд.

Сарвари давлат дар ин мулоқот натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳоро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва панҷ моҳи соли 2018 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Зимни суханронӣ дар мулоқоти мазкур Пешвои миллат,  аз ҷумла, иброз доштанд, ки «дар зарфи қариб 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд  беш аз 500 корхонаи истеҳсолӣ, 700 мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 165 ҳазор ҷойи нишаст ва 53 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба истифода супорида шуданд. Дар ин давра дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ беш аз 750 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст. Дар замони истиқлолият аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ беш аз чор миллиард сомонӣ равона шудааст».

Президенти мамлакат дар тақвияти гуфтаҳои мазкур афзуданд, ки  дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 32 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7 фоиз ва дар панҷ моҳи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 9 ва 6 фоиз афзоиш ёфтааст. Тайи солҳои 2017-2018 ба вилояти Суғд ба маблағи 2,1 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид гардида, асосан ба соҳаҳои саноати коркард, истихроҷи маъдан ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона шудаанд. Содироти мол аз вилоят дар зарфи солҳои 2000-2017 аз 109 то 505 миллион доллари амрикоӣ ё қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Сарвари давлат  таъкид намуданд, ки  ин нишондиҳандаҳо бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест ва дар ин робита иброз доштанд, ки «агар ба ин масъала аз нуқтаи назари талаботи замона баҳо диҳем, нишондиҳандаи мазкур ҳоло ҳам кам аст. Фаъолияти бештар намудан дар ин самт вазифаи асосии роҳбарияти вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо мебошад».

Июнь 29, 2018 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд