Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Тамоюли афзоиши аҳолӣ ва ниёзмандӣ ба захираҳои об дар назди мо вазифаҳои нави маҷмӯӣ мегузорад»

Июнь 20, 2018 10:15

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 иброз доштанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати баланд афзоиш меёбад ва ин, дар навбати худ, боиси шиддат гирифтани муносибатҳо миёни соҳаҳои иқтисод мегардад.

Шиддати рақобат барои дастрасӣ ба захираҳои об дар шароити афзоиши камбуди об метавонад ҳатто дар дохили як кишвар пайомадҳои манфӣ ба бор орад.

«Маҳз ҳамин ду омил – тағйироти глобалии иқлим ва афзоиши демографӣ – чаҳорчӯба ва имконотро барои иқдомоти мо муайян хоҳанд кард. Дар баробари ин омилҳо як силсила масъалаҳои дигаре вуҷуд доранд, ки муносибати маҷмӯӣ ва ҳамкории фаъолро дар соҳаи об тақозо доранд», — иброз намуданд Президенти Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, кам кардани ифлосшавии захираҳои об, истифодаи такрории онҳо ва таҳияи технологияҳои нави тавлиди оби тоза дар миқёси саноатӣ аз ҷумлаи чунин масъалаҳо мебошанд.

«Таҷрибаи андӯхта нишон медиҳад, ки дар арсаи истифодаи захираҳои об якбора ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан мушкил аст. Бо дарназардошти маҳз ҳамин таҷриба, Даҳсолаи оғозёфта, пеш аз ҳама, ба ташаккули майдони васеъ барои таҳкиму тавсеаи муколамаи мунтазами бисёрҷониба дар соҳаи об бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти амалии мушаххас равона карда шудааст. Дар ин зимн мо ният дорем ҳар ду сол Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи амалиётро доир намоем», — зикр намуданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Июнь 20, 2018 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон