Пешвои миллат: «Мо то ҳол дар иҷрои воқеии вазифаҳо ва ҳадафҳо дар арсаи таъмин намудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ҷиддан ақиб мондаем»

Июнь 20, 2018 10:13

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 меҳмононро ба шаҳри Душанбе хуш омадед гуфта, оид ба зарурати таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардан ба мушкилоти об изҳори назар карданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат чунин зикр карданд: «Дар айни замон, далелҳои зайли ба шумо маълум гувоҳӣ медиҳанд, ки сафарбарсозии талошҳои умум ҳанӯз самараи дилхоҳ надодааст.

— дар дунё зиёда аз 800 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва зиёда аз дувуним миллиард нафар ба хизматрасонии одитарини соҳаи беҳдошт (санитария) дастрасӣ надоранд;

— ҳар сол то сесад ҳазор нафар кӯдак дар синни то панҷсола ба иллати набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ба ҳалокат мерасанд.

Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки мо то ҳол дар иҷрои воқеии вазифаҳо ва ҳадафҳо дар арсаи таъмин намудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ҷиддан ақиб мондаем».

Сарвари давлати тоҷикон изҳори умед карданд, ки «Конфронси имрӯза барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба мавзӯъҳои ҷаласаи дарпешистодаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашум оид ба захираҳои об муҳокима мегардад, имконоти мусоид фароҳам меорад».

Хотиррасон мекунем, ки дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бо иштироки роҳбарони як зумра давлатҳо, намояндагони СММ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Аврупо, намояндагони олимақом аз 110 мамлакати ҷаҳон, сохторҳои гуногуни СММ, институтҳои молиявии байналмилалӣ, доираҳои бузурги тиҷоратӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома дорад.

Июнь 20, 2018 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон