ПРЕЗИДЕНТИ ПОКИСТОН МАМНУН ҲУСЕЙН ВА САРВАЗИРИ АФҒОНИСТОН АБДУЛЛО АБДУЛЛО БО САФАРИ РАСМӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД. Ҳафтаи оянда ташрифи меҳмонони хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд шурӯъ мешавад

Июнь 14, 2018 18:04

ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-22 июни соли равон баргузор мешавад. Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло 20 июн бо сафари расмии серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ҳамчунин дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 20 июн дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз мебахшад, иштирок менамоянд.

Ҳамчунин 20-22 июни соли 2018 дигар ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои иштирок дар  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,  солҳои 2018-2028   ба Душанбе меоянд.

Июнь 14, 2018 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе