Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Июнь 19, 2018 23:30

ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор  Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуданд.

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Инчунин мулоқоти доктор Абдулло Абдулло бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир мегардад, ки аз рӯи он имзои санадҳои ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ҳамчунин дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 20 июн дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз мебахшад, иштирок менамояд.

Июнь 19, 2018 23:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад