Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон нашри хабарҳои беасос оид ба иди саиди Фитрро маҳкум намуд

Июнь 5, 2018 11:59

ДУШАНБЕ, 05.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охир дар баъзе воситаҳои ахбори омма навиштаҳое ба назар мерасанд, ки гӯё дар таҷлили иди саиди Фитр маҳдудиятҳо ба назар мерасанд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як баёния дар сомонаи худ  чунин хабарҳоро бебунёду беасос хондааст.

Дар баёнияи Шӯро инчунин омадааст: «Махсусан, дар чунин матлабҳо иддао мешавад, ки гӯё дар рӯзи иди Фитр дар мактабҳои мамлакат имтиҳонҳо гузаронида мешаванд. Ин дар ҳоле, ки ҳанӯз таърихи дақиқи иди саиди Фитр аз ҷониби Шӯрои уламои Маркази исломӣ эълон нагардидааст ва нашри чунин хабарҳои ғайри муътамад ҳам боварии хонандагон ба расонаҳоро коста мегардонад, ҳам нофаҳмиҳои дигарро дар ҷомеа ба миён оварда метавонад».

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идомаи баёнияи худ нашри ҳар хабари носанҷидаи марбут ба масоили диниро маҳкум намуда, аз расонаҳои иттилоотӣ даъват ба амал овардааст, ки дар самти нашри ахбори соҳаи дин бо мақоми ваколатдор ҳамкорӣ намоянд.

Июнь 5, 2018 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад