Сокинони деҳаи Сипонҷи ноҳияи Рӯшон дар домани кӯҳ боғи нав бунёд карданд
ХОРУҒ, 23.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи дурафтодаи Сипонҷи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон шабакаи обрасонӣ, ки сокинони ин деҳа онро бо белу зоғнӯл дар масофаи зиёда аз як километр аз камари кӯҳ сохта, боғу киштзорони худро обёрӣ мекарданд, дубора барқарор карда шуд. Дар навсозии ин шабакаи обрасонӣ ба сокинони деҳа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Ташкилоти давлатии Ҳукумати Германия оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Барномаи озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти ҷумҳуриявии “CAMP Табиат” кумак расонданд.
Ба гуфтаи муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯстализода, навсозии канали мазкур ду мушкили асосии сокинони деҳаи Сипонҷро ҳал кард. Акнун деҳотиён имкон пайдо карданд, ки бидуни навбату интизориҳо замини наздиҳавлигӣ, боғу киштзори худро обёрӣ кунанд ва дуюм, дарахтони ҷангале, ки чанд сол пеш ба хотири шусташавии замин бунёд шуда буданд, аз хушкшавӣ эмин мемонанд.
Яке аз сокинони деҳа Гулистон Худобердиева ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва созмонҳои байналмилалӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки худаш дар баробари дигар ҳамдеҳагон дар шинондани дарахтон ва панҷара кашидани атрофи ҷангал ширкат доштааст. Дар ояндаи наздик онҳо метавонанд аз ин ҷангал барои худ алафу ҳезум биёранд ва дарахтони онро ҳамчун масолеҳи бинокорӣ истифода баранд.
Ин ҷангалро деҳотиён соли 2017 дар доманаи кӯҳ, дар як замини нокорам, ки масоҳати он 9 гектарро ташкил медод, бунёд намуда, дар он 5,5 ҳазор ниҳол шинонданд. Ҳангоми бунёди ҷангал Барномаи озуқаи Созмони Милали Муттаҳид сокинони деҳаро бо ғизо таъмин кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






