Табрикоти Анҷумани тоҷикони Туркия ба муносибати солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ

Июнь 26, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 26.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро мерасад, ки барои тамоми мардуми Тоҷикистон ҷашни муқаддас ва тақдирсоз мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз миллати мо дар атрофи сиёсати сулҳовару созандаи Роҳбари давлатамон муттаҳид гардида, ба ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ки аз тарафи неруҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ барои расидан ба мақсадҳои нопокашон роҳандозӣ шуда буд ва боиси талафоти ҳазорон нафар ва харобии кишварамон гардида буд, хотима бахшиданд. 

Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба истиқлолият расидани Тоҷикистон доираҳои манфиатдори хориҷӣ бо истифода аз гурӯҳҳои хиёнаткори дохилӣ мехостанд бо афрӯхтани оташи ҷанги бародаркуш вазъиятро дар кишварамон ноором карда, аз ҳисоби бадбахтии мардуми мо нақшаҳои  ғаразнокашонро амалӣ намоянд.

Онҳо бо роҳи тахрибкорию зӯрӣ солҳои навадуми асри гузашта сохти конститутсиониро барҳам доданд, дороиҳои моддию молии Тоҷикистонро нобуд сохтанд, дар миёни мардум тавассути барангехтани ихтилофи мазҳабию маҳаллӣ ҷудоию душманӣ ба вуҷуд оварданд. Дар натиҷа шумораи зиёди одамон кушта ва бехонумон шуданд, иқтисоди кишвар нобуд гардид, аммо рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарварӣ ва созандагии мардуми тоҷикро шикаста натавонистанд.

Мардуми огоҳи кишварамон аз худ ҷасорату матонат ва далерию шуҷоатмандӣ зоҳир намуда, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба ҳам омаданд ва дар мубориза бар неруи аҳриманӣ ғолиб шуданд. Дар Тоҷикистони азизи мо дубора сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо гардид. Тамоми мардуми кишварамон бо меҳнати бунёдкорона ва созандагӣ ба ҷаҳониён нишон доданд, ки миллати фарҳангию куҳанбунёди тоҷик сулҳдӯсту ободкор аст ва сазовори зиндагии шоиста мебошад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва хусусан кӯшишҳою иқдомҳои Пешвои миллатамон дар ин самт имрӯз аз тарафи  кишварҳои дигари ҷаҳон ва созмонҳои байналхалқию муҳаққиқон ҳамчун намунаи нодир омӯхта мешавад ва мавриди истифода қарор мегирад.

Дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба пешрафтҳои назаррасе ноил гардидааст. Сатҳи зиндагии аҳолӣ боло рафта, дар кишварамон соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетикаю кишоварзӣ, иҷтимоиёту фарҳанг ва маориф рушд мекунанд.

Бунёд ёфтани иншооти азими нақлиётию энергетикӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ симои кишвар ва хусусан пойтахти давлатамонро комилан дигар кардааст. Имрӯз ҳазорон меҳмонони хориҷӣ, ки барои саёҳату истироҳат ва тиҷорату ҳамкорӣ  ба Тоҷикистон ташриф меоранд, дар бораи кишварамон таассуроти хуби худро иброз медоранд. Тоҷикистон макони баргузории чорабиниҳо ва ҳамоишҳои сатҳи байналхалқӣ гардидааст.

Дар арсаи байналхалқӣ мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон торафт боло меравад. Дар чанд соли охир ташаббусҳои Сарвари давлатамон дар хусуси аҳамияти об, таъмини сулҳу оромӣ дар минтақа ва дигар масълаҳои муҳим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва СММ дастгирӣ ёфтаанд, ки таъсири кишвари моро дар байни мамлакатҳои дигар боз ҳам афзоиш медиҳад.

Боиси хушнудист, ки сиёсати Роҳбарияти кишварамон дар самти тақвияти сулҳу ваҳдати миллӣ аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзии мо низ пурра дастгирӣ меёбад. Тоҷикону тоҷикистониҳои муқими кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ҳамватанони мо дар Ҷумҳурии Туркия низ барои ободию пешрафти ватани худ ҳиссагузоранд.

Басо рамзӣ ва хурсандибахш аст, ки мо, тоҷикони муқими Ҷумҳурии Туркия дар арафаи Рӯзи Ваҳдат сазовори туҳфаи беҳтарин гардидем. Яъне мо бо изҳори самимияту ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳисси ватандӯстӣ Анҷумани тоҷикони Туркияро таъсис додем. Албатта, вазифаи созмони мо, ки дар асоси ҳамдилию рафоқат ташкил ёфтааст, дар баробари кумак ба ҳамватанон ва ҳалли мушкилоти онҳо хизмат ба ватани азизамон мебошад. Инчунин Анҷумани тоҷикон дар ростои инкишофи муносибатҳои ҳамкории  Тоҷикистону Туркия чун  пули дӯстӣ мусоидат хоҳад кард.

Дӯстони азиз, ҳамватанони гиромӣ! Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, ҳамватанони бурунмарзӣ ва хусусан тоҷикистониҳои муқими Туркияро бо фарорасии солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, барои шумо ободию оромӣ ва фаровонию пешрафтҳои беназир орзумандем! Хоҳони он ҳастем, ки дар Ватани азизи мо ҳамеша  сулҳу ваҳдати комил ҳукмфармо бошад!

Анҷумани тоҷикон дар Туркия

 

 

 

Июнь 26, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад