Тоҷикистон ва Урдун дар оянда мубодилаи молро афзун хоҳанд кард

Июнь 20, 2018 16:15

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда  бо тасвиб гардидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, ки 20 июн Парлумони Тоҷикистон онро тасдиқ намуд, мубодилаи мол байни ду кишвар афзоиш ёбад.

«Созишномаи мазкур дар  ҷараёни сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, ки  моҳи декабри соли 2017  сурат гирифт, ба имзо расонида шуд»,- гуфт   муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода  зимни баррасии санади  мазкур 20 июн дар Парлумони мамлакат.

Ҳадафи Созишнома бартараф намудани  андозбандии дукарата нисбат ба резедентҳои ду давлати аҳдкунанда,  афзун намудани гардиши савдои байнидавлатӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ, рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ,  фазои сармоягузорӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии  Ҳошимии Урдун маҳсуб меёбад,- афзуд муовини  аввали Вазири молияи ҷумҳурӣ.

Зикр гардид, ки  дар доираи санади мазкур масъалаи андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат ва сармояи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ,  бартараф намудани баҳсҳо,  табодули иттилоот байни мақомоти салоҳиятдори ҳар ду давлат ба танзим дароварда мешавад.

Таъкид шуд, ки мутаассифона, бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи иқтисодии  ду кишвар муносибатҳои содиротию воридотии Тоҷикистону Урдун дар сатҳи паст қарор доранд.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2017 мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Урдун 45,6 ҳазор долларро ташкил дод, ки аз он 20,8 ҳазор доллар ба содирот ва  24, 8 ҳазор доллар ба воридот рост меояд. Яке аз сабабҳои паст будани гардиши мол,  кору хизматрасонӣ байни Тоҷикистон ва Урдун -ин набудани  Созишномаи мазкур аст.

То ҷое мусаллам аст, Урдун дар бахши илмию технологӣ ва тиббию дорусозӣ дар байни кишварҳои Шарқи Наздик пешсаф аст ва дар ин соҳаҳо бо Урдун ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба манфиати Тоҷикистон мебошад.

Зимни баррасӣ ва тасдиқи Созишнома Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки умед аст баъди сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун  ва тасдиқи Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, ҳамкории мутақобилан судманди  иқтисодию  тиҷоратии Тоҷикистону Урдун  рушду тавсеа ёфта, ба афзоиши гардиши  мол байни ду давлат мусоидат хоҳад кард.

Июнь 20, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд