Туркия барои табодули таҷриба бо Тоҷикистон дар мавриди истифодаи захираҳои об ҳамеша омода аст. Мусоҳибаи ихтисосии муовини Вазири об ва хоҷагии ҷангали Туркия бо АМИТ «Ховар»

Июнь 21, 2018 17:49

ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» АМИТ «Ховар» бо роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Туркия, муовини Вазири об ва хоҷагии ҷангали ин кишвар Алӣ Ризо Дениз мусоҳибаи ихтисосӣ баргузор намуд.

АМИТ «Ховар»: Оид ба робитаҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия, ҳамзамон оид ба аҳамияти Конфронсе, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе идома дорад, мулоҳизаҳои худро изҳор мекардед.

Алӣ Ризо Дениз: Мо, аъзои ҳайати Туркия аз он, ки дар Тоҷикистон ва дар шаҳри зебои Душанбе қарор дорем, хеле хушҳол ҳастем. Робитаҳо миёни Тоҷикистон ва Туркия дар сатҳи хуб қарор доранд. Мо фарҳанг ва адабиёти муштарак дорем. Аз ҷумла, мероси бузургу пурғановати Чалолиддини Балхӣ мероси муштараки мост.

Аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд ва даъват шуданамон ба ин ҳамоиш бисёр шод ҳастем. Ҷараёни баргузории Конфронс дар сатҳи хеле олист, ҳайати иштироккунандагони он низ хеле боҳашамат ва олӣ мебошад.

Умедвор ҳастем, ки натиҷаҳои ин Конфронс барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон ҳам мусоидат мекунад.

АМИТ «Ховар»: Ҷумҳурии Туркия дар масъалаҳои вобаста ба об кадом тарҳҳоро амалӣ мекунад?

Алӣ Ризо Дениз: Мутаассифона, Туркия аз назари захираҳои обӣ сарватманд нест. Бинобар ин мо маҷбурем захираҳои обро бисёр оқилона ва босамар истифода барем.

Ҳоло мо барои рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти табодул ва истифодаи таҷрибаи Тоҷикистон дар масоили об ва захираҳои вобаста ба об талоши бештар мекунем.

Июнь 21, 2018 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон