Узви гурӯҳи “Раҳмон-Гитлер” ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум гардид

Июнь 22, 2018 15:26

ДУШАНБЕ, 22.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Узви фаъоли гурӯҳи Раҳмон бо тахаллуси “Гитлер” Назаров Фахриддин Шодибекович бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе барои содир намудани ҷиноятҳои роҳзанӣ ва таҷовуз ба номус  ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Парвандаи ҷиноятӣ дирӯз таҳти раисии муовини раиси Суди шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода баррасӣ шуд.

Тавре Асомуддин Бобохонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» маълумот дод, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян гардид, ки Фахриддин Назарови 43-сола,  зодаи шаҳри Душанбе аз соли 1998 то 2001 бо автомати «Калашников», таппончаи «Макаров» ва дигар силоҳи сард мусаллаҳ шуда, ҳангоми дар ҷойҳои доимии ҷойгиршавии худ, воқеъ дар деҳаи Меҳтарии Теппаи Самарқандии собиқ ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) қарор доштан бо мақсади иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ҳамчун узви фаъоли ин гурӯҳи мусаллаҳ фаъолият намудааст.

Роҳбари асосии гурӯҳи мазкур Самиҷон Ибодов ва аъзои гурӯҳи мазкур Баҳриддин Камолов бо тахаллуси Борис, Алиҷон Толибов, Ҷамшед Ҷаборов, Нурулло Зарипов бо тахалуси Нурка, Зубайдулло Гиёев, Раҳимҷон Содиқов, Ҳоким Шарипов, Шамсулло Сафаров ва шахсони ба тафтишот номаълум бо номҳои Анвар, Рашид, Азиз, Виктор бо тахаллуси Ислом, Юсуф бо тахаллуси Кобра, Холназар бо тахаллуси Холи Чоч, Мирзо Мақсад, Қобил, Хуршед, Раман, Чумчуқ, Ибод, Раҳматулло бо тахаллуси Аркадий, Раҷаб, Саидмурод, Мастак, Фазлиддин ва дигарон будаанд.

Ин гурӯҳи бо силоҳҳои сард мусаллаҳ дар ин давраҳо ба роҳзанӣ, тасарруфи амволи ғайр, одамкушӣ ва гаравгон гирифтани одамон машғул будааст.

Фахриддин Назаров низ чун узви фаъоли ин гурӯҳ дар ин давраҳо дар ҳудуди ноҳияи собиқ Ленин, ҳозира Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе дар содир намудани чунин ҷиноятҳо иштирок намудааст.

 

Июнь 22, 2018 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад