Варзишгарони тоҷик дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон соҳиби 8 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба ифтихори қаҳрамони олимпӣ Татяна Колпакова мусобиқаи анъанавӣ оид ба варзиши сабук баргузор шуд. Дар он 320 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон иштирок карданд.
Дар мусобиқа варзишгарони тоҷик сазовори 8 медал гардиданд.
Ба иттилои сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ғайрат Неъматов, варзишгарони мо дар ин мусобиқа 3 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.
Кристина Пронженко дар қувваозмоии дав ба масофаи 400 метр бо монеа миёни занон (1.00,08), Григорий Дерепаскин дар қувваозмоии дав ба масофаи 400 метр миёни мардон соҳиби медали тилло гардиданд.
Дастаи мардонаи варзиши сабуки кишвар дар ҳайати Даврон Атабоев, Григорий Дерепаскин, Алишер Пулотов, Исломҷон Холиқов дар эстафетаи 4х400 (3.20,01) ҷои аввалро ишғол кард.
Медалҳои нуқраро Кристина Пронженко дар қувваозмоии дав ба масофаи 400 метр миёни занон (55,02) ва дастаи занонаи кишвар дар ҳайати Кристина Пронженко, Меҳрангез Назарова, Нодира Мирзоева, Гулсунбӣ Шарифова дар эстафетаи 4х400 (4.11,97) сазовор шуданд.
Одилшоҳ Исматов дар қувваозмоии дав ба масофаи 800 метр миёни мардон (1.51,88), Алишер Пулотов дар дав ба масофаи 400 метр бо монеа миёни мардон (54,11) ва дастаи мардон дар ҳайати Фавориз Музрапов, Григорий Дерепаскин, Илдар Ахмадиев, Даврон Атабоев дар эстафетаи 4х100 метр (42,14) соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар Ҷоми кушоди Ӯзбекистон оид ба варзиши сабук, ки 9-10 июн дар шаҳри Тошканд доир гашт, сазовори 12 медал (3 тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ) шуда буд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






