Вазорати маориф ва илм дар ноҳияи Мурғоб нахустин толори калони варзишӣ бунёд мекунад

Июнь 16, 2018 09:21

ХОРУҒ, 16.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Мурғоб толори калони варзишӣ бунёд мекунад. Мудири бахши ҷавонон ва варзиши ин ноҳия Ҷонпулот Қамчибеков гуфт, ки дар назди баъзе муассисаҳои таълимӣ толорҳои хурди варзишӣ вуҷуд доштанд, аммо чунин толори васеъ, зебову барҳаво бори аввал сохта мешавад. Барои бунёди он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 миллиону 35 ҳазор сомонӣ ҷудо намуда, бинокорон  ҳоло  90 фоизи корҳои сохтмониро ба анҷом расондаанд.

Дар шароити иқлими сарди ноҳияи Мурғоб баргузор кардани мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳавои кушод ғайриимкон аст. Аз ин рӯ бештари мусобиқаҳо танҳо дар се моҳи фасли тобистон баргузор мегарданду халос. Баъди ба истифода додани ин толори варзишӣ ҷавонони ноҳия имкон пайдо мекунанд, ки дар чаҳор фасли сол ва ҳамарӯза ба варзиш  машғул шаванд.

Дар толор на танҳо барои тамрину баргузор намудани мусобиқаҳо аз намудҳои варзишӣ, ба мисли футболи хурд, волейбол, баскетбол, тӯби дастӣ, гӯштин, тенниси рӯимизӣ шароит фароҳам аст, балки ҷавонон метавонанд дар ин ҷо ҳар гуна маҳфилҳои ҳунарию фарҳангӣ  низ доир намоянд.

 

Июнь 16, 2018 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад