8 ИЮЛ- РӮЗИ МАЪЮБОН. Нигина аввалин тарроҳест, ки коллексияи либосҳои худро дар тани моделҳои маъюб муаррифӣ кардааст

Июль 8, 2018 10:44

ДУШАНБЕ, 08.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Баҳри дастгирӣ  ва зиёд намудани ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд   ва ҳарчи беҳтар намудани шароити онҳо дар тамоми ҷаҳон санаҳои махсус муқаррар карда шудаанд, ки дар онҳо суҳбату вохӯриҳо бо ин табақаи осебпазир ва ниёзманд  гузаронида мешаванд.

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Ин табақаи осебпазири ҷомеа ҳама вақт дар мадди назари давлату ҳукумат қарор дорад.
  Ҳангоме ки шахси маъюб мегӯем, пеши назар  нафареро тасаввур мекунем, ки ӯ дар ҷомеа аз фаъолият дур буда, аз  шахсоне, ки солиманд, фарқияти калон дорад.  Аммо тавре ба назар мерасад, дар ҷомеаи имрӯзаи  мо бисёр шахсони имконияташон маҳдуде ҳастанд, ки новобаста ба нуқсонҳои худ дар ҷомеа ҳамчун шахсони  пешқадаму фаъол шинохта шудаанд.    Имрӯзҳо  бештари онҳо ҳамчун варзишгар,   рассом,   сароянда, ҳунарманд дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд.

Мухбири АМИТ «Ховар»   бо як бонуи зебои ҳунарманд ва тарроҳ Нигина Икромова, ки ба маъюбии худ нигоҳ накарда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст,  ҳамсуҳбат шуд.

Аз хурдӣ орзуи тарроҳ шудан доштам…

Касби дӯзандагӣ   ба ман аз модарам мерос мондааст. Ҳангоме ки хурд будам,   ба либосдӯзии модарам бо ҳавас менигаристам ва оҳиста- оҳиста ба он кас дар дӯхтани либосҳояшон кумак мерасонидам. Ман  аз завқи зиёд  сараввал либосдӯзиро барои лӯхтакҳоям шурӯъ кардам,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Нигина Икромова аввалин   тарроҳе мебошад, ки дар   саҳнаи Тоҷикистон  коллексияи либосҳои худро дар тани моделҳо-духтарони маъюб   муаррифӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ки   «ман борҳо дар телевизиону шабакаҳои интернетӣ дида будам, ки дар хориҷи кишвар духтароне,  ки маъюбанд,  дар тан либосҳои тарроҳонро пӯшида, ба намоиш мебароянд. Аз ҳамон замон  ман ҳам дар паи   амалӣ намудани ин идея шудам ва дар ин роҳ кӯшиши зиёд ба харҷ додам».

Бонуи тоҷик дар ҳама ҳолат бояд зебо бошад

 Зан ва бонуи тоҷик дар ҳама ҳолате, ки набошад, бояд зебо бошаду  зебо пӯшад. Аз ин рӯ,  ман дар назди худ мақсад гузоштам,  ки духтарони маъюб бояд  либосҳои зебо ба бар кунанду ба намоиши мӯд бароянд. Инро танҳо ба он хотир кардам, ки онҳо  низ худро узви ҳамин ҷомеа ҳисоб кунанд. Ман  хостам,  ки дар қатори духтарони солим нафарони маъюб низ ба саҳна  баромада, коллексияи маро нишон диҳанд.

 То имрӯз ба беш аз 200 нафар духтарон ҳунар омӯхтаам

Бо дастгирии  Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Япония як муддат   ба зиёда аз 200 нафар духтарони дорои имконияти маҳдуд ва аъзои оилаи онҳо дарси дӯзандагӣ  медодам. Ҳамчунин дар   коргоҳи дӯзандагии  Ҷамъияти маъюбон низ кор кардаам. Ҳоло дар хона мизоҷ қабул мекунам.

 Муаррифии коллексияи либосҳо дар  хориҷи кишвар

 «Муддати 7 сол мешавад, ки ҳамчун тарроҳ фаъолият мекунам ва орзуи онро дорам, ки коллексияи либосҳои худро зиёд карда, онро дар хориҷи кишвар муаррифӣ намоям,-иброз медорад орзуяшро тарроҳи тоҷик Нигина Икромова. -Борҳо дар намоишгоҳҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ баргузор гардида буданд, иштирок карда, сазовори ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳо низ гаштаам. Мехоҳам зикр намоям, ки  соли 2014  дар Тоҷикистон  Фестивали байналмилалии «Диёри ҳусн» баргузор гардида буд, ки дар он аз 6 давлати дунё тарроҳон иштирок карда буданд. Хушбахтона, бо дастгирии ҳунарманд ва тарроҳи беҳтарини тоҷик Мукаррама Қаюмова ба ман муяссар гардид, ки дар ин фестивал дар қатори 5 тарроҳи тоҷик коллексияи либосҳои худро муаррифӣ кунам».

Ҳамчунин Нигина Икромова аз дастгирию кумакҳое, ки аз тарафи давлату ҳукумат   ва бахусус, ғамхорию таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба шахсони имконияташон маҳдуд расонида мешаванд, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Аз замони ба даст овардани истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Бояд зикр намуд, ки соли 2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017- 2020» таҳия ва қабул гардид, ки мақсади асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон, беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва солимгардонии онҳо мебошад.
22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид зери Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд. Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид. Ин Конвенсия аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 146 ҳазор нафар шахсони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аз 25 ҳазорашонро кӯдакони то 18-сола ташкил медиҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон  дар хона-интернатҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ   зиёда   аз 1 ҳазору 300 нафар шахсони маъюбро зери парастории худ қарор додааст.   Инчунин дар ҷумҳурӣ 2 Маркази миллии тавонбахшӣ    ва зиёда аз 30 маркази хизматрасонии иҷтимоии буду боши рӯзона барои кӯдакони маъюб  амал мекунанд. Ҳамчунин  заводи истеҳсоли маҳсулоти протезию ортопедӣ фаъолият мекунад, ки ҳар сол ба 20-25 ҳазор нафар шахсони маъюб хизмат мерасонад.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2018 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоем»
Дар Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид
Дар Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор шуд
Соли 2024 155 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст