Аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба беш аз 33 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ расман мақоми бекор дода шуд

Июль 26, 2018 14:55

ДУШАНБЕ, 26.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2018 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии мамлакат 75 ҳазору 672 нафар шаҳрванд  муроҷиат  намуданд. Аз онҳо 53 ҳазору 296 нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 33 ҳазору 159  нафар расман мақоми бекор дода шуд. Дар ин бора Вазири  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

Вазир ҳамчунин  иттилоъ дод, ки  тавассути  татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 32 ҳазору 137 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,7 % зиёд мебошад.

«Ба 5 ҳазору 884 нафар бо сабаби аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 413 ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Дар натиҷаи  баргузории ин ярмаркаҳо  3545 нафар корҷӯ соҳиби кор гардида, ба  4426 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд. 1340 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида,  ба 20328 нафар хизмати касбӣ расонида шуд»,- афзуд С. Тағойзода.

Июль 26, 2018 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд