АЗ ПАИ ҲИФЗИ МАРЗ. Убури ғайриқонунии сарҳад ва интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сарҳадбонони тоҷик аз убури ғайриқонунии сарҳад аз ҷониби қочоқчиёни афғон ва интиқоли 31 кг маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 30 июни соли равон. соати 00:40 хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии «Дарвоз»-и ВМКБ аз убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир аз ҷониби қочоқчиёни афғон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд.
Қочоқчиёни афғон, ки мехостанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид шуда, бо худ маводи мухаддир гузаронанд, ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуданд. Дар натиҷа байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад. Қочоқчиён ақибнишинӣ ва ба тарафи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса як адад қаиқи резинӣ ва 31 кг маводи мухаддири навъи афюн дарёфт ва мусодира карда шуд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






