Ба 322 нафар роҳхатҳои шикорӣ дода шуд,- бардошт аз нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангал

Июль 31, 2018 14:26

ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Аз ҷониби  Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ зиёда аз 8 хатсайри экологӣ фаъол ва тариқи воситаҳои ахбори омма мавзеъҳои сайёҳии ҳудудҳои табиии  Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.  Бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ  машғулияти илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Нақши мавзеъҳои сайёҳии ҳудудҳои табиии махсус  муҳофизатшаванда  дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии табиати Тоҷикистон» гузаронида шуд. Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳон ба ин соҳа тамоми  макони буду боши  шикорчиён дар ҷумҳурӣ, ки бо  номи «Хонаи шикорчиён» маълум  аст, таъмиру навсозӣ шуданд», — чунин иброз дошт  имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода.

«Бунёд ва барқароркунии ҷангал яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал маҳсуб мешавад. Вобаста ба ин  дар шаш моҳи соли 2018    корҳои  бунёду барқароркунии ҷангал  дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ   дар майдони 924, 3 гектар  гузаронида шуд, ки  дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта  279, 3 гектар зиёд мебошад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути ҷангалпарварии устувор дар ҳавзаҳои  муҳими обҷамъкунии  дарёҳо дар Тоҷикистон» дар ҳудуди  заминҳои фонди давлатии ҷангали муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Фархор, Ховалинг, Ванҷ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  баҳори соли 2018   дар майдони 918 гектар корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал гузаронида шуд. Дар хоҷагиҳои мазкур  асосан ниҳолҳои  писта, чормағз, сафедор, бед, хуч, ангат, зардолу, бодом, олуча, себ, нок, қарағоч, санҷид ва дигар намудҳои ниҳолҳо шинонида шудаанд, ки ҳолати сабзиши онҳо муътадил мебошад»,-  илова кард  А. Исматзода.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд,   ки  аз ҷониби мутахассисони Агентӣ нисбат ба шикори ҳайвоноту паррандагон назорати ҷиддӣ бурда мешавад. Тибқи қонунгузории соҳа,  шикор  дар мавсим ва муҳлатҳои муқарраргардида гузаронида шуд. Дар  ин давра ба 322 нафар шикорчиён роҳхатҳои шикорӣ дода шуд, ки аз ин ҳисоб  ба Агентӣ ва хоҷагиҳои зертобеи он 10 ҳазору 252 сомонӣ  маблағ ворид гардид.

Июль 31, 2018 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад