Барои вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ нисбат ба 55 соҳибкор протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар рафти як рейди муштараки Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон дар яке аз бозорҳои муваққатие, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон фаъолият дорад, қонунвайрокуниҳои зиёд ошкор карда шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, дар доираи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ як рейди муштарак бо Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон дар бозори ҷамоати деҳоти Уялӣ низ гузаронида шуд.
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки қисме аз соҳибкорон дар ҳолати ғайрисанитарӣ ва бо вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ба фурӯши маҳсулоти хӯрока машғул шудаанд. Мутахассисони Сарраёсат ҳангоми санҷиш 232 кг маҳсулоти гӯштӣ ва 90 литр обҳои ташнашикан ва маҳсулоти ширӣ (дуғоб), ба талаботи санитарию эпидемологӣ ҷавобгӯ набударо аз муомилот гирифтаанд.
Инчунин барои вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ нисбат ба 55 нафар соҳибкорон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 3,2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Ғайр аз ин, фаъолияти 9 иншооти хӯроки умумӣ, аз ҷумла 2 ошхона, 1 дӯкони самбӯсапазӣ, 4 нуқтаи тезтаёр, 2 нуқтаи фурӯши маҳсулоти гӯштӣ боздошт карда шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ дар оянда низ чунин рейдҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






