Бозиҳои Осиё-2018: ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба кураш муайян шуд

Июль 27, 2018 08:14

ДУШАНБЕ, 27.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бозиҳои 18-уми Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегарданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба кураш иштирок мекунад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар  Бозиҳои 18-уми Осиё шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  паҳлавонони   шинохта дар намуди кураш Орифҷон Додов ва Баҳодур Ҳалимов дар вазни  -66 кг, Акмал Муродов ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -81 кг, Ҳоҷимашраб Раҳмонов ва Давлатшо Ғазалшо дар вазни -90 кг, Набимуҳаммад Хоркашев ва Саидҷалол Саидов дар вазни +90 кг  ҳимоя мекунанд.

Мусобиқа оид ба кураш 28-30 август дар шаҳри Ҷакарта доир мегардад. Мусобиқаи кураш дар 4 категорияи вазнӣ миёни мардон (-66 кг, -81 кг, -90 кг, +90 кг) ва 3 дараҷаи вазнӣ миёни занон (-52 кг, -63 кг, -78кг) баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар ҳар 4 вазн миёни мардон ширкат мекунанд.

Гӯштини кураш бори аввал ба барномаи Бозиҳои тобистонаи Осиё ворид карда шудааст. Ин намуди варзиш ба барномаи Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ ворид гардида буд, ки соли гузашта дар шаҳри  Ашқобод варзишгарони мо соҳиби як медали нуқра  (Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни-73 кг)  ва ду нишони биринҷӣ (Фирдавс Насимов дар  вазни -100 кг, Хушқадам Хусравов  дар   вазни -66 кг)  гардида буданд.

Июль 27, 2018 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард