Дар Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона ба истифода дода мешавад

Июль 9, 2018 14:40

ДУШАНБЕ, 09.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 10 июли соли равон бо иштироки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оҷонсии  Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) маросими ифтитоҳи  шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода баргузор мегардад. 

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  шуъбаи беморхонаи мазкур бо дастгирии   Оҷонсии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА)   таъмир гардида, бо     таҷҳизоти замонавӣ  муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани ин лоиҳаи ТИКА ошёнаи сеюми беморхона, ки бо сабаби муҳайё набудани шароити зарурӣ истифода намешуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Бояд гуфт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур имконият дод, ки иқтидори беморхона афзуда, шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона бо 33 ҷойи хоб ташкил гардад.

Инчунин зикр карда шуд, ки дар шуъбаи мазкур бағайр аз ҳуҷраҳои беморон, инчунин ҳуҷраи нигоҳубини шадид, ҳуҷраи ёрии таъҷилии тибби, ҳуҷраҳо барои духтурон ва ҳамшираҳо мавҷуданд. Ҳангоми таъмир масолеҳи сифати баланд истифода шуда, қисми зиёди таҷҳизот аз Туркия оварда шудаанд.

 

Июль 9, 2018 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад