Дар Душанбе иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мегардад

Июль 2, 2018 14:50

ДУШАНБЕ, 02.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 июли соли 2018  дар пойтахт иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,  даъвати панҷум   баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори  мазкур  барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ  таъсис дода  мешавад.

«Ба рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳои зерин дохил карда мешаванд:  гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба  интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№ 15, 20 ва 53; дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҳолати рушди соҳаи саноат, фаъолияти соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини рушди устувори иқтисодии шаҳри Душанбе; дар бораи рафти татбиқи барномаву нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи фарҳанг,  ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода оид ба раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати ташкили корҳои ободонию зебоигардонӣ, шинонидани дарахт, гиёҳҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва  дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе», — афзуд манбаъ.

Хотиррасон менамоем,  ки иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 11 июли соли 2018, соати 09:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 80 даъват карда мешавад.

Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати  панҷум  хоҳиш  карда  мешавад,  ки то 10 июли соли 2018 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

 

Июль 2, 2018 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад