Дар Душанбе омодагиҳо ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ идома доранд

Июль 16, 2018 10:28

ДУШАНБЕ, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд ва босифат гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии умумии аҳолӣ, ки  соли  2020 дар  мамлакат  доир  мешавад, ҳамаҷониба омодагӣ мегирад.

Дар ин робита ҳанӯз  27 феврали 2017  Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  «Дар бораи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 дар маҳаллаҳои 64 ва 91, тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Душанбе дар соли 2020» ба тавсиб расида буд. Алҳол бо ин мақсад тадбирҳои дигари зарурӣ андешида мешаванд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз  доштанд, тибқи қарори мазкур ташкили тайёрӣ, гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 дар маҳаллаҳои 64 ва 91-и шаҳр ва барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 ба зиммаи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузошта шудааст.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дар асоси пешниҳоди Сарраёсати  мазкур дар шаҳри Душанбе барои дарёфт намудани манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2017 чораҷӯӣ намуд.

Ҳамчунин ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои солҳои 2018, 2019 ва 2020 оид ба маблағгузории чорабиниҳои давраи тайёрии барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 дар маҳаллаҳои  мазкур  маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намудааст.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил то 1 апрели соли 2019 якҷо бо Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Душанбе» номи кӯчаҳо, рақами хона ва манзилҳои маҳаллаҳои ноҳияҳоро ба тартиб дароварда, бо лавҳаю рақамгузорӣ таъмин намоянд.

Инчунин то 1 июли соли 2019 нақшаҳои схематикии ноҳияҳои шаҳрро якҷо бо Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе тартиб дода, бо муайян намудани сарҳадҳои ноҳияҳои шаҳр ба Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

То 1 сентябри соли 2019 якҷо бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои он дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолиро, ки дар хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои маҳалҳои ноҳияҳои шаҳр зиндагӣ мекунанд, тафтиш намоянд.

Ҳамчунин тибқи ин қарор Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе бо назардошти тавсияҳои сохторҳои ҷумҳуриявӣ барои тайёр намудани маводи нақшаю харитасозӣ мусоидат намуда, дар асоси дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, нақшаҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онро барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба миқдори зарурӣ нусхабардорӣ ва пешниҳод намоянд.

Ёдовар мешавем, ки барӯйхатгирии умумии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар доираи Барномаи умумиҷаҳонии барӯйхатгириҳои аҳолӣ ва фонди манзил, ки аз ҷониби Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии  СММ амалӣ карда мешавад, дар даҳ сол як маротиба доир мегардад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2017 ва дигар  санадҳои  марбута   вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат  барои  мусоидат намудан  ба мақомоти оморӣ ҷиҳати сари вақт ва босифат гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил вазифадор гардидаанд.

Зимни  гузарондани барӯйхатгириҳои аҳолӣ ва фонди манзил   на танҳо оид ба шумораи аҳолии  мамлакат, инчунин  дар бораи   суръати афзоиши аҳолӣ, таносуби гурӯҳҳои он  аз рӯи ҷинсият,  синну сол,  нишондиҳандаҳои таваллуду  фавт, шуғл, сатҳи маълумот  ва ғайра ахбори  муфид ба даст меояд.

Ҳамзамон номгӯйи кӯчаҳо, рақами хонаҳо, гузоштани лавҳаю рақамҳо, нақшаҳои ҷойгиршавии маҳаллаҳои шаҳрӣ, деҳоти калон ва  харитаи шаҳру ноҳияҳо ба тартиб дароварда  шуда, барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгӯии шумора ва ҳайати аҳолӣ, омӯзиш, истифодаи захираҳои меҳнатӣ ва гузарондани тадқиқоти илмӣ маълумоти аз ин маърака  бадастомада истифода бурда мешавад.

Июль 16, 2018 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд