Дар Душанбе таъмири роҳи хиёбони Рӯдакӣ то 5 август ба анҷом мерасад
ДУШАНБЕ, 26.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таъмири асосии роҳи хиёбони Рӯдакии пойтахт, ки 27 июн шурӯъ гардид, то 5 августи соли равон ба анҷом мерасад. Алҳол роҳсозон дар хиёбони мазкур, дар минтақаи майдони «Дӯстӣ», аз буриши кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур то буриши кӯчаи Бухоро корҳои таъмириро ба анҷом расонида, ба асфалтпӯш кардани он машғул мебошанд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин минтақа бо ҷараёни корҳои таъмирӣ аз наздик шинос шуда, бо масъулин ҳамсуҳбат гардид.
Тибқи иттилои масъулин, фармоишгари таъмири асосии хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи С.Айнӣ то буриши кӯчаи Карамов) Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, пудратчии асосии корҳои сохтмонии иншооти мазкур Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» мебошад.
Алҳол дар ин минтақаи роҳ 100 нафар коргарон бо истифодаи зиёда аз 40 адад техникаи муосири роҳсозӣ ба таври шабонарӯзӣ дар се баст фаъолият доранд.
Хотиррасон менамоем, ки корҳои таъмиру навсозии роҳи хиёбони Рӯдакӣ қитъа ба қитъа гузаронида мешавад. Бинобар ин дар ин давра дар қитъаҳои таъмиршавандаи роҳ ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт қатъ карда мешавад.
Ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои автобусии №-№1, 3А ва №18 тариқи кӯчаҳои ҳамшафат ба роҳ монда шуда, фаъолияти троллейбуси хатсайри №1 муваққатан қатъ гардидааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»


















«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






