Дар гарнизони шаҳри Хоруғ машқҳои муштараки амалиёти стратегии зиддитеррористии низомиёни Тоҷикистон ва Россия оғоз ёфтанд
ХОРУҒ, 18.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 21-уми июли соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии ин гарнизон ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо тирпаронии ҷангӣ баргузор мегарданд. Ба ин машқҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ ҷалб карда мешаванд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев дар суҳбат бо хабарнигори минтақавии «Ховар» гуфт, ки ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2018 пешбинӣ гардидааст, дар ҳудуди ВМКБ ташкилу ба роҳ монда мешавад.
Дар баробари иштироки сохтору мақомоти давлативу қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин гарнизон, инчунин ба машқҳои муштарак ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия бо техникаву лавозимоти ҷангӣ ҷалб мегарданд.
Илова бар ин, дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар гарнизони Хоруғ, Ситоди муштараки идории қӯшунҳо ташкил гардида, раисони шаҳру ноҳияҳои ин минтақа ва захираи эҳтиётии даъватшавандагон ба он ҷалб карда мешаванд. Ҳамзамон техникаҳои хоҷагии халқ ва умуман лавозимоте, ки барои баргузории ин чорабинии муҳими низомӣ заруранд, истифода мегарданд.
Дар машқҳои низомӣ дар баробари ҷалби беш аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсии ин гарнизон, инчунин тамоми размгоҳҳои ҳудуди ВМКБ ба майдони шартии ҷанг табдил ёфта, зимни ҷамъбаст дар машқгоҳи ҳарбии «Ҷилондӣ»-и ҳудуди ноҳияи Шуғнон машқҳои муштараки баталйонӣ-тактикӣ доир карда мешаванд. Дар он беш аз 100 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, чархболҳои ҳарбиву нақлиётии МИ-8 ва МИ-24, 260 адад техникаҳои гуногуни автомобилӣ ва дигар силоҳу муҳимоти мухталифи ҷангӣ истифода мегарданд.
Тамоми амалиёти сохтору мақомотӣ ба машқҳо ҷалб гардида, омӯзиши мавзӯъҳои ба он пешбинишуда аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора мегардад. Он таҳти назорати қатъии Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ҷараён мегирад.
Ҳадафи баргузории амалиёти муштараки низомӣ дар гарнизони Хоруғ- ин сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.










ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд






