Дар ноҳияи Айнӣ миёни маъюбон мусобиқаи варзишӣ доир гардид

Июль 9, 2018 11:00

ДУШАНБЕ, 09.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии  Ассотсиатсияи КАРИТАС-и  Германия дар Тоҷикистон 8 июл дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии «АЗИТ» ва «ДАРО» бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон байни дастаҳои маъюбони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд мусобиқаи баскетбол гузаронид.  Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» намояндаи ташкилоти «КАРИТАС» –и Германия дар Тоҷикистон Самаридин Баҳриддинов  иттилоъ дод.  

Муовини раиси ноҳияи Айнӣ Гулсара Зокирзода дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ зикр кард, ки беҳдошти вазъи  иҷтимоии маъюбон ва пиронсолон  доимо дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Иҷрокунандаи вазифаи намояндаи ташкилоти «КАРИТАС» Заринамо Мухторова  иброз дошт, ки ҳадафи мусобиқаи варзишӣ тарғибу ташвиқи варзиш дар байни маъюбон дар ноҳияи Айнӣ ва ҷалби онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш  мебошад. Вай гуфт, ки «мусобиқаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки шахсони маъюб ба ҳама кор қодиранд ва метавонанд қобилияти худро тақвият дода, дар тамоми  соҳаҳо, бахусус  дар бахши варзиш   номбардори миллату ватани худ бошанд».

Ҳамзамон раиси Федератсияи варзишгарони маъюби шаҳри Душанбе Абдурауф Олимов, қаҳрамони 12-каратаи Осиё ва қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи намуди дастхобонӣ миёни маъюбон, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Акмал Қодиров ва роҳбари Клуби баскетболи маъюбони шаҳри Душанбе Ғайрат Тухтасунов дар бораи қобилиятҳои шахсони маъюб барои намудҳои гуногуни варзиш сухан карданд.

Онҳо маъюбони ноҳияи Айниро даъват намуданд, ки ба ягон намуди варзиш машғул шаванд, зеро варзиш барои ташаккули тарзи ҳаёти солим хеле муҳим аст. Акмал Қодиров қоидаҳои асосии дастхобониро нишон дода, ба маъюбони ноҳияи Айнӣ мизи дастхобонӣ туҳфа кард.

Дар мусобиқаи баскетбол бо аробачаи маъюбӣ дастаҳои шаҳри   Душанбе ва вилояти Суғд ширкат намуданд.

Баскетболбозони ҳар ду даста аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Июль 9, 2018 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад