Дар шаҳри Исфара барномаи муштараки консертии ҳунармандони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд барномаи муштараки консертии ҳунармандони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барномаи фарҳангии мазкур, ки нишон аз дӯстию ҳамбастагии ду мардум аст, раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош сухан карда, бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди муносибатҳои дипломатӣ ва робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон ёдовар шуданд.
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон 28 августи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, соли 1993 Ҳиндустон аввалин шуда, сафирашро дар Тоҷикистон таъйин намуд. Соли 1994 Сафорати Ҳиндустон дар пойтахти Тоҷикистон ва баъд аз нуҳ сол, аниқтараш соли 2003 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлӣ ифтитоҳ гардиданд.
Мусаллам аст, ки мардумони тоҷику ҳиндро аз қадимулайём робитаҳои нек ва муштаракоти анъанавии таърихию фарҳангӣ бо ҳам мепайванд. Даҳҳо нобиғаҳо, олимону файласуфҳо, шоирон ва мутафаккирони барҷастаи тоҷикзабон дар сарзамини Ҳинд ба камол расидаю кору эҷод кардаанд. Мероси адабии пурғановати онҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷойгоҳи арзишманд бархӯрдор буда, оромгоҳашон имрӯзҳо зиёратгоҳи кулли форсизабонони ҷаҳон гардидааст. Мирзоабдулқодири Бедил, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Зебуниссо ва боз даҳҳо нобиғаю мутафаккирони барҷастаи илму фарҳанги тоҷик дар сарзамини шоирпарвари Ҳинд кору зиндагӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯз ҳайати меҳмонон аз Осоишгоҳи «Зумрад» ва Намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумии сокинони Исфара, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид, боздид намуданд.








ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






