Дар шаҳри Истиқлол ба муносибати 30-солагии Истиқлолият корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд мешаванд

Июль 25, 2018 09:29

ХУҶАНД, 25.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи дуюми соли равон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ду кӯдакистон ба истифода дода мешаванд. Ҳоло дар доираи иҷрои Барномаи ташаккули муассисаҳои томактабӣ дар кӯдакистони №8-и шаҳр, ки барои фарогирии 300 нафар кӯдакон пешбинӣ гардидааст, корҳои таъмиру навсозӣ ҷараён дошта, дар назар аст он аввали моҳи сентябр ба фаъолият шурӯъ намояд.

Ҳамзамон аз ҷониби Ширкати саноати кӯҳии «Тоҷикистону Хитой» низ як адад кӯдакистони нав барои 360 нафар тарбиятгиранда то охири соли равон ба истифода дода мешавад. 

Ин матлабро раиси шаҳри Истиқлол  Худойназар Амонзода  зимни баргузории нишасти хабарӣ 24 июл дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  баён дошт.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», раиси шаҳр ҳамзамон зикр намуд, ки тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соли равон дар маҳаллаи Меҳнатобод сохтмони мактаби шакли нав бо фарогирии 350 хонанда ба нақша гирифта шудааст. Дар айни замон барои бунёди мактаб қитъаи замин ҷудо гардида, корҳои лоиҳакашӣ идома доранд.

Вобаста ба таъминоти хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабӣ барои соли хониши 2018-2019 гуфта шуд, ки аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳр ва 6 муассисаи таълимӣ бо КВД «Нури Ховар» барои омода намудани 1500 адад либоси мактабӣ шартнома баста шудааст.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки яке аз масъалаҳои асосии шаҳр- ин таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ба ҳисоб рафта, ҳоло дар ин самт дар шаҳр дар асоси созишномаи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд лоиҳаи инвеститсионии барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.

Дар нишаст дар масъалаи норасоии мутахассисон дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодии шаҳр гуфта шуд, ки имрӯз бештар мутахассисони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла духтурони тибби оилавӣ, сироятшинос, ҷарроҳ, равоншинос, дандонпизишк, духтур-озмоишгар намерасанд.

Ба иттилои раиси шаҳр, моҳи сентябри соли 2018 ба таъсиси шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) 80 сол пур мешавад. Аз ин лиҳоз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамроҳ бо соҳибкорони маҳаллӣ тасмим доранд дар самти ободонӣ, таъмиру навсозӣ бештар саъю кӯшиш намуда, чанд иншооти иҷтимоӣ, чун сохтмони майдончаҳои варзишӣ, навсозии боғи фарҳангию истироҳатӣ ва варзишгоҳи марказии шаҳрро  ба роҳ монанд.

Инчунин баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр бунёду навсозии беш аз 15  иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.

Июль 25, 2018 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад