Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Рӯзҳои шаҳри Душанбе баргузор гардиданд

Июль 20, 2018 10:40

ДУШАНБЕ, 20.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 14  июли соли 2018 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Рӯзҳои шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Ҳайати шаҳри Душанбе давоми ду рӯз дар ин бародаршаҳри пойтахти Тоҷикистон — Санкт-Петербург як зумра суҳбату мулоқот анҷом дода, бо фаъолияти марказҳои тиббӣ, фарҳангӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои коммуналӣ ва хизматрасонии шаҳр шинос шуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд, Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар Санкт-Петербург бо мулоқоти ҳайатҳои расмии ҷонибҳо  дар Кохи таърихии Смолний, ки маъмурияти Санкт-Петербург дар ин бино ҷойгир аст, оғоз гардид.

Ҳайати расмии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзодаро ноиби Губернатори шаҳри Санкт- Петербург Сергей Мовчан ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстонаи бародаршаҳрӣ ва ҳамкории судманд миёни Душанбе ва Санкт- Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нимаи дуюми рӯзи 12 июли соли 2018 дар Маркази рушд ва дастгирии соҳибкорӣ маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор гардид. Дар он намояндагони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маъмурияти Санкт-Петербург иштирок доштанд. Пас аз қисмати ифтитоҳии ин маросим сардори Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Руслан Қодирзод ҳолати иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанберо муаррифӣ намуд.

Баъди шиносоӣ бо имконоту шароити ҳамкорӣ бо шаҳри Душанбе ҳайатҳои ҳар ду ҷониб доир ба тақвияти равобит дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муҳоҷират, тандурустӣ, хӯроки иҷтимоӣ, нақлиёту коммуникатсия, хизматрасониҳои коммуналӣ ва сохтмону меъморӣ мубодилаи афкор карданд.

Дар мулоқоти  мазкур  масъалаи фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург аз масоили умдаи гуфтушунид  буд.

Аз ҷумла,  таъкид гардид, ки байни ҷонибҳо санаду созишномаҳои дуҷонибае  амал мекунанд, ки дар заминаи онҳо шаҳрвандони  кории тоҷик дар Санкт- Петербург фаъолияташонро бидуни ягон мушкилот ба роҳ мондаанд  ва маъмурияти шаҳр баҳри амалисозии санадҳои мазкур тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд.

Инчунин зикр гардид, ки барои таъмини ҳуқуқу манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмурияти шаҳри Санкт- Петербург ҳамкории самаранокро бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Санкт- Петербург ба роҳ мондааст.

Дар доираи Рӯзҳои шаҳри Душанбе мулоқоти соҳибкорони шаҳри Душанбе ва шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, ки зимни  вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш ва омӯзиши таҷрибаи якдигар мубодилаи афкор карданд. Соҳибкорони ҳар ду шаҳр ҷиҳати ба роҳ мондани тиҷорати дуҷониба ва мубодилаи молу маҳсулот ҳавасмандии худро изҳор доштанд.

Рӯзи 13 июли соли 2018  ҳайати расмии шаҳри Душанбе ба Маҷмааи таърихӣ-ёдгории Қабристони Пискарёв ташриф оварда, бо арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷаста ва ҷоннисориҳои муҳофизони шаҳри Ленинград дар Ҷанги дуюми ҷаҳони  солҳои 1941-1945 гулчанбар гузоштанд.

Дар маросими гулгузорӣ ҳайати расмии шаҳри Душанберо ноиби Губернатори шаҳри Санкт-Петербург Сергей Мовчан ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни ташриф ба ин оромгоҳ ҳайати расмии шаҳри Душанбе дар назди лавҳаи ёдгории сарбозони Тоҷикистон, ки баҳри ҳимояи Ленинград ҷони худро аз даст додаанд, гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро  пос доштанд.

Дар ин маҷмааи бузурги таърихӣ, ки аз марказҳои маъруфи  Санкт-Петербург маҳсуб меёбад, ҳазорҳо нафар афсарону сарбозон, сокинони касбу кори гуногун ва кӯдакону наврасоне, ки давоми 900 рӯзи муҳосираи шаҳри Ленинград ба ҳалокат расидаанд, ба хок супурда шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки баҳри аз муҳосира озод намудани шаҳри Ленинград, ки аз 8 сетябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 идома ёфтааст, дар сафи Артиши Шӯравӣ ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, дар ҳамин мазор ба хок супурда шудаанд.

Дар ҷараёни боздид ҳайати шаҳри Душанбе ҳамчунин аз осорхонаи оромгоҳи Пискарёв дидан намуда, дар китоби меҳмонони ифтихорӣ соядаст гузошт.

Ҳайати расмии шаҳри Душанбе ҳамчунин  бо  Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Д. Назризода ва бо намояндагони Ҷамъияти тоҷикони муқими вилояти Ленинград мулоқот карданд.

Зимни мулоқот ва суҳбати  ошкорову самимӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ оид ба  ҷанбаҳои гуногуни фаъолияту зиндагии тоҷикони муқими шаҳри Санкт —  Петербург ва муҳоҷирони кории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳсилу таълими донишҷӯёни тоҷик мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Иштирокчиёни вохӯрӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки тамоми талошу кӯшиши худро барои муаррифӣ намудани тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддуну  созанда равона месозанд.

Дар мулоқот барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити будубош ва  фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дархосту пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

Ҳайати расмии шаҳри Душанбе аз осорхонаи маъруфи Эрмитажи шаҳри  Санкт-Петербург дидан намуд. Осорхонаи Эрмитаж, ки дар он ҳазорҳо расму мусаввараҳои рассомон ва наққошони ҷаҳонӣ ва осори таърихии гаронбаҳо ба намоиш гузошта шудааст, яке аз ҷойҳои ҷолибтарини  шаҳр барои сайёҳони хориҷӣ ва дӯстодорони санъату ҳунари воло  маҳсуб мешавад.

Дар доираи Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар Санкт-Петербург гурӯҳҳои соҳавии ҳар ду ҷониб бо ҳам мулоқот карданд. Аз ҷумла, масъулини сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе доир ба соҳаҳои тандурустӣ, обу корез, сохтмони иншооти истиқоматӣ ва  маъмурӣ, роҳу пулҳо ва нақлиёт бо ҳамтоёни худ аз шаҳри Санкт-Петербург мубодилаи таҷриба карданд.

Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар Санкт-Петербург, ки аз 12 то 14 июл идома ёфтанд, дар таҳкиму густариши муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Душанбе ва Санкт- Петербург саҳифаҳои нав боз намуда,  баҳри   дарёфти  самту усулҳои тоза ва муайян кардани уфуқҳои нави ҳамкорӣ  заминаи муътамад фароҳам оварданд.

Маросими пӯшидашавии Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар шаҳри Санкт- Петербург дар толори театри «Санкт-Петербург Опера» баргузор гардид.

Дар ҷамъомаде, ки ба ин муносибат ташкил гардид, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург, дӯстдорони савту навои рӯҳбахши тоҷикӣ, сокинони касбу кори гуногун ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки  миёни  шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва  шаҳри Душанбе соли 1991 паймони бародаршаҳрӣ  баста шудааст.

Шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия яке аз бародаршаҳрҳои фаъол миёни дигар бародаршаҳрҳои Душанбе мебошад, ки сол то сол ҳамкории мутақобилан судманди онҳо густариш меёбад.

Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ созишномаҳо ба имзо расиданд.

Июль 20, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз ёфтанд
Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад
Иҷлосияи бисту якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои сарди зимистон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ЗЕБОТАРУ ДИЛРАБОТАР МЕШАВАД. Дар пойтахт бунёди 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст
Доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон конференсия баргузор гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад