Дастаи футболи занонаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2018 иштирок мекунад

Июль 6, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 6.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия маросими қуръакашии мусобиқаи футбол дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 баргузор шуд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи футбол миёни бонувон 11 даста, аз ҷумла, дастаи Тоҷикистон иштирок мекунад. Дастаҳо дар се гурӯҳ (2 гурӯҳи иборат аз 4 даста ва як гурӯҳ – 3 даста) барои ҷоизаҳо рақобат намуда, дастаи футболи занонаи Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои футболи занонаи Кореяи Шимолӣ, Чин ва Гонконг дар гурӯҳи «В» бозӣ мекунанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Тайпейи Чин, Малдив ва ба гурӯҳи «С» дастаҳои Япония, Ветнам ва Тайланд ворид шуданд.

Се дастаи беҳтари гурӯҳҳои «А» ва «В» ва ду даста аз гурӯҳи «С» ба даври чорякфинал роҳ меёбанд.

Мусобиқаи футбол миёни бонувон дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 аз 16 то 31 август дар шаҳри Палембанги Индонезия доир мегардад.
Дар  барномаи Бозиҳои Осиё 40 намуди варзиш ворид шуда, дар он иштироки наздик ба 10 000 нафар варзишгар аз 45 давлати дунё дар назар аст.

Июль 6, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид