Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон соҳиби Ҷоми шаҳрдори Остона гардид!

Июль 14, 2018 15:40

ДУШАНБЕ, 14.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Остона бо ғалабаи  дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) ба поён расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз   Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар бозии ниҳоӣ футболбозони ҷавони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба дарвозаи   дастаи  овозадори «Шахтёр»-и Қарағанда 5 голи беҷавоб заданд. Нидоёр Забиров ду гол, Шарифбек Раҳматов, Суннатулло Исмоилов ва Муҳаммадалӣ Азизбеков як голӣ ба ҳадаф расонданд.

Дастаи мунахаби  ҷавонони Тоҷикистон то расидан ба финал дар даври гурӯҳӣ бар дастаҳои Қазоқистон – «Иртиш U-17» (Павлодар) – 5:2 ва «Остона U-17» – 3:1 ғалаба карда, бо  дастаи мунтахаби  ҷавонони Қирғизистон (U-17) бозиро мусовӣ – 1:1  анҷом дод.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Остона

Бозии ниҳоӣ 

Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) — «Шахтёр U-17» (Қарағанда, Қазоқистон) – 5:0.

Голҳо: Нидоёр Забиров (2), Шарифбек Раҳматов, Сунатулло Исмоилов, Муҳаммадали Азизбоев.

Бозӣ барои ҷой сеюм

Мунтахаби Қирғизистон (U-17) — Мактаби захираҳои олимпии №8 – U-17 (Остона, Қазоқистон) – 5:0.

Июль 14, 2018 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд