«ДАЪВӢ ХИҶОЛАТ БУВАД БЕГУВОҲ…» Раиси Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар вилояти Хатлон роҷеъ ба кӯшиши номуваффақи наҳзатиён дар Германия
ДУШАНБЕ, 21.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Тибқи иттилои шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетии мутааллиқ ба гурӯҳҳои террористию экстремистии наҳзатӣ, 15 июл дар шаҳри Дортмунди Германия ба ном ҳамоише бо ташаббуси ТТЭ ҲНИ доир карда шуд, ки пур аз хиҷолат буд ва аз заволи онҳо дарак медод», — иброз дошт имрӯз дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Абдулло РАҲМОНЗОДА. Матни суханони ӯ дар зер оварда мешавад.
Аввалан санаи баргузории ин ҷаласа, ки гӯё ба муносибати 21 –умин солгарди имзои созишномаи сулҳ доир карда шуд, бисёр тааҷҷубовар буд. Зеро наҳзатиёни хоин, ки ҳамеша иддао доштанд ҷонибе аз сулҳ ҳастанд, инак дигар баъди ошкор шудани макру ҳиллаашон, бахусус баъди он, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом зимни таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ парда аз рӯи ин асрор бардошта, возеҳу равшан ба мардум баён карданд, ки созишнома бо ИНОТ буд, на бо ҲНИ, дигар аҳли наҳзат ба ҳоли табоҳе гирифтор гардидаанд. Ҳатто маблағгузорону муҳайёкунандагони шароит барои ҷаласаҳояшон аз онҳо рӯ тофтанд. Танҳо баъди сипарӣ гардидани қариб як моҳ аз рӯзи таҷлили ин ҷашн каме ба худ омада, кӯшиданд боз ҳам бо баргузории ҳамоише ин «дастовард»- и худро ҳимоя кунанд. Аммо нашуд.
Чаро наҳзатиён ин ҳамоишро, тавре қаблан мекарданд, рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ нею, балки бо ин ҳама таъхир доир карданд? Барои он, ки худашон эътироф карданд, ки воқеан онҳо на ҷониби сулҳ, балки ҷузъе аз ИНОТ будаанд, ки аз миёни он ҳама ҳизбу ҳаракатҳои узви ИНОТ маҳз онҳо ба арзишҳои сулҳ хиёнат карданд! Ин масъаларо ҳатто хоҷагону пуштибонҳои хориҷиашон ҳам инкор карда натавонистанд. Зеро ин ибрози Пешвои миллат ҳам аз лиҳози ҳуқуқӣ ва ҳам аз лиҳози сиёсӣ дуруст, бомантиқ ва бидуни баҳс аст.
Дуввум, наҳзатиён бо баргузории ин ҷаласа хостанд исбот кунанд, ки воқеан ҷонибе аз сулҳ ҳастанд, аммо боз ҳам натавонистанд. Дар тамоми раванди ҷаласа, сар карда аз худи Кабирӣ то дигар баромадкунандагон суханони аз лиҳози сиёсӣ бемағз, аз лиҳози воқеият бепоя ва аз лиҳози ахлоқӣ дуруғ гуфтанд. Ба қавли Мирзо Абдулқодири Бедил, «пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад».
Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки миёнарав байни ҲНИ ва шиаохундҳои Эрон шинохта мешавад, ноилоҷ ба дилбардориашон оғоз кард ва хост рӯҳияи онҳоро боло бардорад, аммо саропои суханаш аз ҳолати рӯҳшикастагии худашу наҳзатиён ва хоҷагонашон гувоҳӣ медод, ки тафсилоташ дар поён омадааст.
Сеюм, тамоми кӯшиши наҳзатиён ҷиҳати таъсиси ИНОТ-и нав билохира ноком анҷом ёфт. Касе дар ин хусус изҳори омодагӣ накард ва чизе нагуфт. Ҳатто касоне, ки даъват карданду ташвиқ мешуданд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидем, ки гуфтанд, бо ҲНИ вориди ягон ИНОТ шуданӣ нестанд.
Чорум, Кабирӣ хост ин ҳама нокомии худро зери туҳмате, ки гӯё намояндаи мақомоти амниятии Тоҷикистон ин ҳама роҳ онҳоро мепоиду онҳо ин сирро бо усуле, ки ба фикри Кабирӣ бисёр маккорона менамуд, фош сохтанд, бенатиҷа ва бисёр аҳмақона баромад. Барои чӣ? Барои он ки ин бофтаю сохта ва ғайриреалӣ буд! Наход Кабирӣ дар Аврупо дар шакле гаштугузор мекунад ва ё аз макони зисташ ба макони баргузории ҷаласа рафтааст, ки (масалан дар шакли пиёда, харсавор, велосипедсавор ва ё дар шакли дигар) намояндаи мақомоти амниятии кишварро зарур ояд тӯли роҳ ӯро поида гардад? Дар ин миён гӯё Кабирӣ инро пайхас кардаасту ба касе гуфтааст, ки рафта бо забони тоҷикӣ пурс. Ин чӣ маъно дорад? Баъдан, магар каси мепоидагӣ, хосса агар корманди мақомоти амният бошад, баъди ин ҳама ҳангомасозиҳое, ки охираш пуч баромад, намедонад, ки охири роҳе, ки Кабирӣ имрӯз меравад, ин макони баргузории ҷаласа ҳаст ва пеш аз Кабирӣ дар он ҷо ҳозир шавад. Бе ягон зарурати поидан!!!
Панҷум, ин ки ҳамагӣ бидуни далел, рӯирост ва бе шарму ҳаё дурӯғ гуфтанду ба қавле алам аз миллат гирифтанд, ки чаро ба онҳо бовар надоранд. Ва билохира сабабашро ёфтанд, ин ҳам бошад, ба қавли Кабирӣ, касест, ки онҳо бо ӯ мушкил доранд. Хостанд, ақаллан худашон ва ҳамнишинонашонро бовар кунонанд, ки ҳамин як кас агар набошад, миллат бо онҳост. Аммо ниҳоятан худашон ҳам ба ин гуфтаашон бовар накарданд. Зеро, дарвоқеъ мушкили онҳо як нафар нест. Мушкили онҳо бо истиқлолияти ин кишвар аст, бо мардуми кишвар аст, ки онҳоро намехоҳанд ва хиёнати онҳоро намебахшанд.
Наҳзатиён ба ҷойи ин ҳама даъво мебоист аз миллати тоҷик барои хуни рехтаву хиёнатҳои анҷомдодаашон узр мепурсиданд!
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ матни суханронии Кабирӣ нашр шуд, ки саропо туҳмат, дурӯғ, фиреб ва инкори гапҳои худашон буд, ки шармандагие (барои худи онҳо) беш нест. Тавре Саъдии Шерозӣ фармудааст, «даъвӣ хиҷолат бувад бегувоҳ». Кабири гувоҳ ва далели боваринок надошт. Дар оғози суханрониаш кӯшиш кард, ки давлату ҳукуматро бо «хиёнат ба сулҳ» айбдор кунад. Магар ҳамин хел аст? Албатта, ки не! Зеро агар касе ҳам ба арзишҳои сулҳ хиёнат кард, ин ҲНИ аст, ки ҷузъе аз ИНОТ буд. Дар ин иттиҳод касону гурӯҳҳои дигаре низ буданд, ки дар кишвар дар баробари дигарон, ҳатто дар мансабҳои баланди давлатӣ то ҳол фаъолият намуда истодаанд ва ба аҳди худ садоқат доранд. Аммо Кабирӣ ва наҳзатиён буданд, ки ба ин арзиши миллӣ хиёнат карданд. Ҳатто ҳукумати конститутсионӣ онҳоро бахшиду ин миллати азияткашида барояшон бағал кушод, вале онҳо (наҳзатиҳои ношуд) боре барои хуни рехтаашон, ки зиёда аз 150 000 нафар инсонро дар бар мегирифт (агар ин кор аз ҷониби ягон кишвари дигар мешуд, шояд генотсиди рӯирост, яъне ҷинояти байналмилалӣ маҳсуб меёфт), якуним миллионро гуреза карданашон, даҳҳо ҳазорро ятим кардану даҳҳо ҳазори дигарро беваю даҳҳо ҳазори дигарро ба ғами фарзанд дучор карданашон назди миллат узр напурсиданд. Зеро барои ин корро кардан нангу номус ва ғурури миллӣ лозим аст. Аммо инро наҳзатиён надоштанду надоранд. Бар хилофи иродаи мардум, аз хоставу бахшидаи мардум боз зиёдтар хостанд. Қасди бо роҳи зӯрию силоҳ кашида гирифтани ҳокимияти халқро доштанд. Аммо шукр, ки ба ҳадафи нопокашон нарасиданд.
Хиёнатро як нафар кардааст ва он ҳам Кабирист!
Кабирӣ иддао дорад, ки ҳукумат бархе аз пайравони ҲНИ- ро ташвиқот карда истодаст, ки ба ватан баргарданд ва онҳо гуноҳе надоранд. Иддао дорад, ки агар инҳо гуноҳ надоранд, пас дигар аъзои ин гурӯҳ, ки дар зиндон ҳастанд, низ бегуноҳанд ва бояд раҳояшон кунанд. Ин гуфтаи Кабирӣ тамоми гуфтаҳои қаблиашро инкор мекунад ва исбот мекунад, ки Кабирӣ ба хиёнату ҷиноятҳояш иқрор аст. Аммо боз ҳам намедонад, ки аз ин амали мақомот хушҳолӣ кунад ё ғамгин шавад, ки танҳо дар як моҳи охир зиёда аз сад нафар аъзои ин ҳизб аз карда пушаймон шуда, ба ватан баргаштанд ва бахшида шуданд. Албатта, ҷавобашро худаш медонад!
Хиёнатро ба сулҳ як нафар кардааст, яъне Кабирӣ ва дигаронро ба ин хиёнат маҳз ӯ водор кардааст. Аммо дигар чӣ илоҷ, ки ҷинояти нобахшиданиро бо дастури ин хоин онҳо содир кардаанду бояд ҷазо бинанд.
Акнун, ки мақомот мегӯяд ва даъват мекунад, ки Эшони Абдусаттору Абдураҳим (тавре Кабирии хоин гуфтааст) баргарданд, чӣ ҷойи инкору онҳоро гунаҳкор кардан? Хиёнатро ба арзишҳои сулҳ Кабирӣ кард ва дигаронро ба ин дом гирифтор сохт. Инро на фақат мақомот, балки тамоми миллат медонад. Бигзор аз роҳи хато баргарданд ва дар ватан бошанд!
Аз сулҳ нишоне намондааст???
Муҳаммадиқболи Садриддин ном наҳзатӣ, ки худро ҳамчун мудири сомонаи «Ислоҳ» муаррифӣ намудааст, баромад карда, кӯшидааст бо ҳарфҳои подарҳавою бемантиқ сулҳи тоҷиконро зери суол барад. Ӯ иддао дорад, ки сулҳ дар Тоҷикистон то соли 2015 вуҷуд дошту инак аз сулҳ осоре намондааст. Ман намефаҳмам ин Муҳаммадиқбол аслан дар хусуси кадом кишвар сухан мекунад? Дар бораи Афғонистон, ки дар он маҳз бо касофати аҳзоби сиёсии дорои хусусияти исломӣ қариб чиҳил сол мешавад, ки ҷанг аст ва ё Сурияву Ироқу Либия, ки бо «шарофат»-и хоҷагону ҳампешагони ҲНИ ба харобазор табдил ёфтааст ва ё ҷои дигар???
Наход беҳаёӣ то ин дараҷа баланд бошад, ки рӯирост сафедро сиёҳ гӯйӣ. Наход дар Тоҷикистон сулҳ зери суол рафта бошад, дар кишваре, ки ҳамасола дар рейтинги ҷаҳонии кишварҳои амн дар мақоми ифтихорӣ қарор дораду ҳамон кишварҳои аврупоӣ сокинони худро барои сайру саёҳат ба ин ҷо талқин мекунанд!?
Ба фикрам ин наҳзатӣ аз ақл бегона шудааст ва ё як ифротии ба бемории рӯҳӣ гирифторшудае беш нест! Аслан инро аз баромадҳои видеоияш эҳсос карда будам, ки бо он авзои беҷое, ки дошт, ё бемории рӯҳӣ дорад ё нашъаманд аст. Инак ҳоло фикрам исботи худро ёфт.
Ин хоин бояд донад, ки дар Тоҷикистон имрӯз дигар масъалаи сулҳу ҷанг нест! Ҳама бо ҳам аз як гиребон сар бароварда, дар андешаи пешрафту шукуфоии Ватан ҳастанд. Ин наҳзатиҳои хоин ҳастанд, ки ҳамаро аз набудани сулҳ мехоҳанд тарсонанду ба сафи хиёнаткорон ҷалб намоянд!
Магар аз биҳишт фирор мекунанд???
Матни суханронии Илҳом Ёқубов низ пур аз маънидодсозии ба ақли пучаш мувофиқ ба назар мерасид. Аввалан, ӯ худро роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ (?) муаррифӣ карда, гуфтааст, ки кишвар мушкилоти муҳоҷиринро дорад, ки ба як мушкилоти фаромиллӣ табдил ёфтааст. Ба қавли ӯ ин раванд танҳо хоси тоҷикон аст. Аммо агар мушкилоти муҳоҷират танҳо хоси Тоҷикистон бошад, пас чаро ӯ роҳбари ассотсиатсияи муҳоҷирони меҳнатии Осиёи марказист??? Магар ӯ роҳбари кадом бахши ҲНИ набуд? Ин гурӯҳбозиву ассотсиатсиябозиҳо чӣ маънӣ доранд?! Магар дигар ҲНИ наметавонад чор хоини дар атрофаш бударо хӯронад, ки ҳар кадоми он дар ҳар сӯ ба гурӯҳсозию ба ин васила ҷамъоварии маблағи хоҷагон пардохтаанд?
Илова ба ин, кӣ гуфтааст ба ин даъвогарон ва ба қавли худашон «пуштибонони дини ислом», ки касе аз биҳишт фирор кардааст? Магар ҳаминҳо нестанд, ки даъвои «донишманди ислом» будану «пуштибони ислом» буданро мекунанд?! Магар донандаи ин дин ва касе, ки имон ба ин дин дорад, метавонад, ки чунин як қиёси беақлона кунад? Албатт не! Аз биҳишт ҳам шайтони лаъин, ки наҳзатиён намунаи онҳоянд, ва ҳам Одаму Ҳавво, ки ба гапи шайтон (ва ё ба қиёси имрӯза — ба гапи наҳзатиён) фирефта шуданд, ронда гаштанд, ронда!!! Дар ин бора дар Қуръони маҷид ва дигар китобҳои муқаддас омадааст. Одамоне, ки фиреби шайтоннаҳзатиҳоро хӯрдаанд, метавонанд тавба карда, ба биҳишт (Тоҷикистон) боз гарданд, аммо шайтонҳо (наҳзатиён) ҳеҷ гоҳ рӯи биҳиштро нахоҳанд дид. Зеро онҳо рондашудагонанд, на фирорӣ!
Кӯшиши пешгирӣ аз рӯҳшикастагии наҳзатиён
Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки дар ин ҳамоиш иштирок надошт, ё шояд хоҷагонаш, яъне охундшиаҳои эронӣ баъди ин ҳама ошкор шудани воқеият, ки онҳоро низ дар назди наҳзатиҳо фиребхӯрда ба намоиш гузошт, зарур нашумориданд, ки ширкат кунад. Аммо ӯ ҳамчун як миёнарав тамоми кӯшиши худро кард, то аз рӯҳшикастагии бесобиқаи наҳзатиён ҷилавгирӣ кунад, аммо чун самимӣ набуд ва самимӣ ҳам буда наметавонист, зеро, ки аҳволи худаш низ чандон хуб набуд, нашуд. Ӯ тариқи навори видеоӣ гуфт, ки ҷилави таҳрифи таърих бояд гирифта шавад. Кадомтаҳриф ва кадом таърих — номаълум. Зеро дар матн аслан чизе дар ин хусус наёфтам. Шояд, ки дар назар дошт он таърихеро, ки мувофиқ ба инқилоби исломии Эрон охундшиаҳои эронӣ барои Тоҷикистон навишта буданд, аммо шукр, ки барои ин миллат таърих нашуда, «таҳриф» шуд.
Ӯ болои чор масъала ва ё суол хостааст ист намояд ва кӯшиш кардааст, ки бо роҳи посух гуфтан ба суолҳои бемаънии худаш ба рӯҳияи наҳзатиёни рӯҳшикаста умед бахшад. Аммо боз ҳам аз рӯҳшикастагии худаш, ки натавонистааст фикрашро ҷамъ созад, ҷавоби чанд суолро ба худи наҳзатиҳо ҳавола кардааст. Яъне «Мо, охундҳо шояд шуморо ба роҳи хато бурдаем, аммо худатон роҳи дурустро медонед?!», маънидорона ишора кардааст Сайидюнус.
Ӯ кӯшиш ба харҷ додааст, то ба мардуме, ки аз ӯ дида, чӣ будани сулҳро бештар медонанду мехоҳанд ва ҳаминҳо ҳастанд, ки сулҳашонро аз шарри Кабирию Истаравшанӣ муҳофизат карда истодаанд, дарси сулҳ гӯяд. Хостааст, ки боз ҳам мардумро гӯл бизанад, ки гӯё ҳукумати кунунӣ иброз доштааст, ки бо касе чизе имзо накардаасту бо касе сулҳ накардааст. Ҳамин. Магар ин гуфтаҳо аз ҷониби Сайидюнус тӯҳмати рӯирост нест?! Тамоми мардуми Тоҷикистон аллакай ин масъаларо медонанд, ки ҳукумат бо кӣ сулҳ кардаасту бо кӣ созишнома имзо кардааст. Аз ҳамин сабаб Сайидюнус бояд зӯри беҳуда назанад ва кӯшиши маънидодсозии беҳуда накунад. Ин барои ҳар сокини бонангу ори кишвар маълум аст, ки ҳукумат бо ИНОТ созишномаи сулҳ бастааст, на бо ТЭТ ҲНИ!
Хуб, Сайидюнус боз чанд суолу ҷавоби бемантиқи дигар низ доштааст, ки зарурати шарҳу тавзеҳашро намебинам.
Дар маҷмӯъ, ӯ кӯшиш ба харҷ додааст исбот созад, ки роҳи интихобкардаи наҳзатиён дуруст буд. Албатта, зеро роҳи наҳзатиён, сар карда аз қатлу террори солҳои навадум то ба кӯшиши табаддулоти соли 2015-ум ҳама роҳу василае буданд, ки аминам хоҷагони хориҷӣ тавассути Сайидюнус ба наҳзатиён нишон доданд ва ин роҳ ба фаҳми ғуломии онҳо дуруст аст. Ба ҳамин хотир Сайидюнус амин аст, ки роҳи пур аз хиёнати наҳзатиҳо дуруст буд.
Ӯ ахиран хоҳиш кардааст, ки роҳи дигар, яъне сеюму чоруму панҷуми муносибати наҳзатиҳоро бо ҳукумат, агар бошад, дигарон бигӯянд! Ин аст заволи наҳзатиҳо, ки дигар намедонанд чӣ коре дар муқобили ин миллати олинажод анҷом бидиҳанд.
Тоҷик миллати тавоност, зеро дар моварои таърих ягон хиёнат асолаташро шикаста натавонист ва ҳатто дар замони бедавлатӣ худро ғуломи аҷнабиёну бегонагон накард!
Ин давлат побарҷост, то замоне, ки дар садри он фарзандони бонангу ори ин миллат истодаанд!
Ин миллат хиёнати наҳзатиёнро бахшиданӣ нест, зеро хиёнатҳои наҳзатиён омили ҳама бадбахтиҳои ин миллат гардидаанд!..