Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба донишгоҳ табдил дода мешавад
ДУШАНБЕ, 26.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақша дорад мақоми худро аз донишкада ба донишгоҳ табдил диҳад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Диловар Қодирзода ба хабарнигорон иброз намуд.
Ба гуфтаи мавсуф, дар ин маврид бо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунид доир шуда, корҳои омодагӣ идома доранд ва моҳи сентябр ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод карда мешаванд.
Дар мавриди таҳсил ва дараҷаи азхудкунии донишҷӯён ректори донишкада иброз дошт, ки дар донишкада шуъбаи назорати сифати таҳсилот мавҷуд аст ва ҳар се моҳ дараҷаи азхудкунии донишҷӯён таҳлил карда мешавад.
Мувофиқи таҳлиле, ки баъди санҷиши нимсола гузаронида шуд, сатҳи азхудкунии донишҷӯён 82%-ро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба нимсолаи гузашта 1,2% зиёд мебошад.
Имсол таваҷҷуҳи довталабон ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шудааст.
Донишкада нақша дорад, ки соли таҳсили 2018-2019 ба зинаи бакалавриат 964 нафар донишҷӯёнро қабул намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






