Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ҷавонони шаҳри Хоруғ боз се майдончаи муосири варзишӣ бунёд мекунад

Июль 28, 2018 10:02

ДУШАНБЕ, 28.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иқдоми раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ майдончаи муосири варзишӣ, ки дар муддати як моҳ бунёд гардид,  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед ва ноиби аввали президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо иштирок намуданд.

Варзишгарону ҷавонон ва сокинони маҳаллаи мазкур аз кумаку ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли наврас ва саҳми арзандаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон барои бунёди чунин майдончаи наву замонавӣ изҳори сипос намуданд.

Зимни баромади  масъулини соҳа таъкид шуд, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ҳифзи солимии ҷомеа маҳсуб ёфта, заминаи хубе барои рушди футбол дар Тоҷикистон мебошад.

Корҳои сохтмонию бунёдкорӣ дар майдончаи варзишӣ, ки 40 метр дарозӣ ва 20 метр паҳноӣ дорад, ба тамоми меъёрҳои меъморию  сохтмонӣ ҷавобгӯ мебошад.

Роҳбарияти  Федератсияи футболи Тоҷикистон мужда расонд, ки дар ояндаи наздик барои ҷавонони шаҳри Хоруғ иловатан боз се майдончаи муосири варзишӣ сохта, ба варзишгарони вилоят туҳфа намояд.

Намоиши барномаи фарҳангию варзишӣ, ки пур аз меҳру муҳаббат ба ин сарзамин ва гиромидошти арзишҳои умумимиллӣ буд, ба чорабинӣ шукӯҳи тоза зам кард. Сипас, аз номи роҳбарияти Федератсияи футбол ба 50 нафар наврасоне, ки дар ҳамоиши варзишӣ иштирок намуданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Июль 28, 2018 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд